Владимир Путин: «Тоҷикистон — кишвари калидӣ барои таъмини амният дар Осиёи Марказӣ аст»
ДУШАНБЕ, 27.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Тавре аз ин пеш хабар додем, имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат бо Президенти Федератсия Россия Владимир Путин, ки бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, мулоқоти хосса анҷом доданд.
Бино ба иттилои хабаргузории РИА «Новости» Владимир Путин зимни мулоқот нақши Тоҷикистонро дар таҳкими амният дар қаламрави Осиёи Марказӣ муҳим арзёбӣ кард. «Барои мо мавқеи Тоҷикистон оид ба мушкилоти минтақавӣ бисёр муҳим аст. Дар ин самт ман Тоҷикистонро кишвари калидӣ оид ба таҳкими амният дар минтақа мешуморам»,-гуфт Владимир Путин.
Президенти Россия пойгоҳи 201-уми Русияро дар Тоҷикистон ёдоварӣ карда, зикр намуд, ки он на танҳо амният дар Тоҷикистонро таъмин менамояд, балки барои минтақаҳои ҷанубии Русия низ муҳим аст. Хотиррасон менамоем, ки Владимир Путинро дар ин сафар Вазири корҳои дохилӣ генерал Владимир Колоколтсев, Вазири захираҳои табиӣ ва экология Сергей Донской, Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ Максим Топлин, роҳбари «Росатом» Алексей Лихачёв, муовини Вазири мудофиа Александр Фомин ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.








Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд






