4 март дар Душанбе озмуни «Авто-Бону — 2017» барпо мешавад

Март 2, 2017 15:00

ДУШАНБЕ, 02.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Қарори иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 28 феврал «Дар бораи гузаронидани озмуни «Авто-Бону — 2017» ба тавсиб расид.
Тавре аз шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, қарори мазкур дар асоси муроҷиати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани озмуни «Авто-Бону-2017», ки бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии занҳои ронанда, такмили шаклу усулҳои кор оид ба пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва идоракунии бехатари воситаҳои нақлиёт нигаронида шудааст, ба тавсиб расид. Барои гузаронидани озмуни «Авто-Бону-2017» ба Раёсати БДА-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соати 9:00 то 18:00 -и 4 марти соли 2017 дар пойгоҳи мошинронии ба номи А.Турсунов, воқеъ дар километри 7- уми кӯчаи С.Айнии шаҳри Душанбе иҷозат дода шудааст.
Макони ҷамъшавӣ ва бақайдгирии иштирокдорон дар назди Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» муқаррар гардида, баъдан қатораи автомобилҳои дар озмун ширкатдошта таҳти роҳбаладии автомобилҳои роҳбонӣ (патрулӣ)-и БДА ва мототсиклронҳои клуби умумитехникии Ҷамъияти мададгори мудофиа ҳаракатро тавассути кӯчаву хиёбонҳои Ҳ.Шерозӣ — И.Сомонӣ Рӯдакӣ — С.Айнӣ то пойгоҳи автомобилронии ба номи А. Турсунов анҷом медиҳанд.

Март 2, 2017 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд