5 март- Рӯзи байналмилалии телевизиони бачагона. Даҳ сол пеш дар Тоҷикистон аввалин бор шабакаи телевизиони «Баҳористон» ифтитоҳ ёфта буд
ДУШАНБЕ, 05.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Даҳ сол пеш дар Тоҷикистон бо ташаббуси Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин шабакаи телевизионӣ барои кӯдакону наврасон «Баҳористон» ба фаъолият оғоз карда буд. Шабакаро Сарвари давлат ифтитоҳ намуданд ва аввалин меҳмони намоиши ин шабака буданд.
Ҳамасола якшанбеи аввали моҳи март дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии радио ва телевизиони бачагона (International Children’s Day of Broadcasting) таҷлил мегардад, ки он имсол ба 5 март рост меояд. Ин сана барои кӯдакону наврасони тамоми ҷаҳон яке аз ҷашнҳои неку муқаддас ба шумор рафта, аз соли 1991 бо ибтикори ЮНИСЕФ –Бунёди атфоли Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ таҷлил мегардад ва ҳадафаш дар гӯшаи фаромӯшӣ қарор надодани тамошобинон ва шунавандагони хурдсол аст. Дар робита ба ин, якшанбеи аввали моҳи март кормандони тамоми шабакаҳои радио ва телевизионии кишварҳои ҷаҳон барои кӯдакону наврасон барномаҳои радиоиву телевизионии ҷолиби кӯдакона таҳия намуда, пешкаши шунавандагон ва тамошобинони хурдсол мегардонанд. Мақсади асосии ин ҷашн васеъ гардонидани фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи /ВАО/ ҷаҳон ҷиҳати ҷалби бештари таваҷҷуҳ ба масъалаҳои вобаста ба кӯдакон аст. Инчунин дар ин рӯз тамоми кормандони шабакаҳои радиоӣ ва телевизионии кӯдаконаи ҷаҳон иди касбии худро таҷлил менамоянд. Дар робита ба таҷлили ин сана дар соли 1994 Бунёди атфоли СММ дар ҳамкорӣ бо Академияи байналмилалии санъати телевизионӣ ва илм ҷоизаи махсусро таъсис доданд, ки ин ҷоиза ба шабакаҳои радио ва телевизион, ки дар ин рӯз беҳтарин барномаҳоро таҳия намуда, пешкаши кӯдакон мегардонанд, супорида мешавад. Инчунин дар соли 2008 Бунёди атфоли СММ ҷоизаи махсусро вобаста ба ин сана таъсис дода буд.
Таҷлили Рӯзи байналмилалии шабакаи радио ва телевизиони бачагона ҳамзамон хусусияти иҷтимоӣ дорад. Яке аз паҳлӯҳои он ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон нигаронида шудааст. Ҳамзамон дар ин рӯз кӯдакону наврасон на танҳо шунавандаю тамошобинанд, балки дар таҳия ва пахши барномаҳо ва дигар чорабиниҳои вобаста ба ВАО фаъолона иштирок менамоянд. Мавриди зикр аст, ки аввалин бор дар фазои иттилоотии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ нахустин шабакаи радио барои ҷавонон бо номи «Юность» /«Ҷавонӣ»/ таъсис дода шуд, ки 16 октябри соли 1962 барномаи аввалини худро пахш намуда буд. Дар соли 1964 барномаи маъруфи телевизионии «Хоби ширин, хурдтаракон» рӯи мавҷ омад. Ҳамзамон то соҳибистиқлол гардидани кишварамон дар радио ва телвизиони ҷумҳурӣ барномаҳои гуногун барои кӯдакону наврасон, ба мисли «Навниҳол», «Хоби ширин, хурдтаракон», «Офарин», «Худ бисоз, бо мо бисоз», «Калидчаи заррин», «Дастони моҳир» ва ғайра таҳия ва пахш мегардиданд. Маҳз бо шарофати соҳибистиқлол гардидани кишварамон дар фазои иттилоотии ҷумҳурӣ рӯйдоди муҳим ба вуқӯъ пайваста, шабакаҳои гуногуни радио ва телевизионӣ таъсис дода шуданд. Яке аз онҳо Муассисаи давлатии телевизиони кӯдакон ва наврасон «Баҳористон» аст, ки моҳи сентябри соли 2006 бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид. Дар маросими ифтитоҳи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда, тугмачаи нахустин барномаи «Баҳористон»-ро пахш намуданд.
Дар арафаи Рӯзи байналмилалии радио ва телевизиони бачагона Дилафрӯз Амирзода, директори Муассисаи давлатии телевизиони кӯдакон ва наврасон «Баҳористон» дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки: «рисолати азалии шабакаи телевизиони кӯдакону наврасон «Баҳористон» тавассути таҳия ва пахши барномаҳои гуногуни ҷолибу шавқовар ба камол расонидани кӯдакону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дар маҷмӯъ, саҳм гузоштан дар бунёди ҷомеаи воқеан фарҳангӣ ва дунявист. Аз ин рӯ, дар назди роҳбарият ва ҳайати кормандони эҷодию техникии телевизиони кӯдакон ва наврасон- «Баҳористон» вазифаҳои масъулиятнок қарор доранд, ки ҷиҳати амалӣ гардонидани онҳо бо истифода аз донишу малака ва саъю талош тадбирҳои саривақтӣ ва ҷиддӣ андешида мешаванд».
АМИТ «Ховар»: Ҳайати эҷодию техникии шабакаи телевизони кӯдакону наврасон «Баҳористон» кадом барномаҳоро таҳия ва пешкаши тамошобинони хурдсол мегардонад?
Дилафрӯз Амирзода: То ҷое мусаллам аст, мардуми тоҷик аз қадимулайём бо фарҳанги асилу пурғановат, ҳунар ва осори нобиғаҳои барҷастааш дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ аз ҷойгоҳи арзишманд бархӯрдор аст. Бо мақсади рушди санъати миллӣ, ки фарогири мактабҳои гуногун аст, барномаи «Парвин» таҳия ва пешкаши кӯдакону наврасон гардонида мешавад. Рисолати «Парвин», пеш аз ҳама, ба дарёфти истеъдодҳо аз миёни кӯдакону наврасони кишвар, ки ба санъат бештар шавқу рағбат доранд, нигаронида шудааст. Барномаи «Парвин» дар заминаи озмуни «Овози тиллоӣ» таҳия гардида, самти он дар доираи санъати овозхонӣ маҳдуд нагардида, балки фарогири бахшҳои гуногуни санъат, назири ҳунари овозхонӣ, сурудхонии академӣ, халқӣ, эстрадӣ, ромишгарӣ- навозиши асбобҳои миллӣ, нафасӣ, зарбӣ, барқӣ ва санъати зебои рақс мебошад. Дар маҷмӯъ ҳадафи таҳияи барномаи «Парвин» дар партави ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Парлумони кишвар садо доданд, ҷустуҷӯи истеъдодҳои нодир, рушду такомули санъати қадимаю асили тоҷикон ва ба ин васила, бунёди ҷомеаи фарҳангӣ дар шароити ҷаҳонишавист. Дар ин росто, дар назди ҳайати эҷодии телевизиони «Баҳористон» дар самти боло бурдани маърифат, ба камол расонидани кӯдакону наврасон бо одоби ҳамида, дар рӯҳияи ҳифзи арзишҳои миллӣ, содиқ мондан ба ин марзу бум, инчунин муаррифии кӯдакону наврасон, ки истеъдоди фавқулода ва нодир доранд ва ояндаи миллату давлат ба онҳо вобаста аст, вазифаҳои масъулиятнок меистад.
Ҳамзамон тавассути шабакаи телевизиони «Баҳористон» барномаи «Беҳтар аз дӯст» таҳия ва пахш мегардад, ки ҳадафаш бурро гардонидани нутқи кӯдакону наврасон аст. Барномаи
«Бозёфт» ба ихтироъкорони наврас, ки новобаста ба хурдсолияшон ихтироъкориро пеша кардаанд, бахшида шудааст. Барномаи «Бо ҳам меёбем» барномаи зеҳнист, ки ба баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ ва тафаккури бачаҳо нигаронида шуда, дар он кӯдакони синни хурди мактабӣ иштирок менамоянд.
Инчунин ҷиҳати ба кӯдакон омӯзонидани забони англисӣ барномаи «Pep English» бо иштироки қаҳрамонҳои афсонавӣ пешкаши тамошобинони «Баҳористон» мегардад. Самти барномаи «Маҳфили адибони наврас» /«МАН»/ барои дарёфти кӯдакону наврасон, ки ба адабиёт ва жанрҳои назмию насрӣ шавқу рағбати беандоза доранд, равона гардидааст. Ҳадаф аз таҳияи ин барнома дар оянда омода намудани чеҳраҳои нав — очеркнавису драмнавис, шоиру нависанда дар фазои адабии кишвар мебошад.
Инчунин ният дорем, ки дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи интелектуалии «Ба пеш» -ро бо иштироки намояндагони «Академияи хурд» таҳия намоем, ки ҳадафи он ҷалби кӯдакону наврасон ба илмомӯзист.
АМИТ «Ховар»: Дар таҳияи барномаҳои ҷолиб барои кӯдакону наврасон таҷрибаи шабакаҳои телевизони кӯдаконаи кишварҳои ҷаҳон истифода мешавад?
Дилафрӯз АМИРЗОДА: Ният дорем, ки дар оянда дар шабакаи телевизиони кӯдакон ва наврасон «Баҳористон» барномаеро, ки ба барномаи телевизиони шабакаи аввали Россия ОРТ-1 «Лучший всех» шабоҳат дорад, таҳия ва пешкаши тамошобинони хурдсоли кишвар гардонем. Алҳол ҷиҳати таҳияи барномаи мазкур омодагӣ ҷараён дорад. Дар ин самт бархе аз кӯдакони то 6-сола, ки истеъдоди фавқулода ва нодир доранд, дарёфт кардаем ва ин барнома дар арафаи таҳия аст.
АМИТ «Ховар»: Кадом мушкилот ба фаъолияти «Баҳористон» халал мерасонад?
Дилафрӯз Амирзода: Дар фаъолияти «Баҳористон» норасоии техникӣ ба чашм мерасад, инчунин дар масъалаи ороиши толорҳои банаворгирӣ мушкилот дорем. Умед аст, ки дар оянда бо дастгирӣ ва кумаки бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми норасоиҳо бартараф гардида, базаи техникии шабака такмил меёбад ва имконияти мусоид ҷиҳати таҳия ва пахши барномаҳои ҷолиб барои кӯдакону наврасон фароҳам меояд.
Инчунин тавассути шабакаи «Баҳористон» барномаҳое пахш мегарданд, ки самти онҳо ба амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» нигаронида шудаанд. Хусусан дар масъалаи беназорат гузоштани кӯдакону наврасон аз сӯи волидайн ва ба марказҳои компютерӣ рӯ овардани онҳо аз ҳамин қабил аст. Дар ин масъала навору гузоришҳо таҳия шуда, тавассути барномаи «Хабар» пахш гардиданд. Инчунин дар шабакаи «Баҳористон» озмуни расм вобаста ба ҷашнҳои миллӣ гузаронида мешавад, падару модарон расмҳои кашидаи фарзандонашонро ба идораи «Баҳористон» оварда месупоранд Яъне дар ин маврид волидайн нисбат ба ҳунари расмкашии кӯдакони худ бетафовутӣ зоҳир накарда, дар ташаккули ҳунари онҳо масъулияти баланд эҳсос менамоянд.
Инчунин дар ин самт барномаи таҳлилии «Фикри Шумо» бо иштироки кормандону мутахассисони сохторҳои гуногуни кишвар гузаронида шуда, ҳадафаш баланд бардоштани масъулияти падару модар, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли баъзе камбудию норасоиҳоест, ки дар ҷомеа вуҷуд доранд.
АМИТ «Ховар»: Оё гуфта метавонед, ки шабакаи «Баҳористон» чӣ миқдор тамошобин дорад?
Дилафрӯз Амирзода: Бояд тазаккур дод, ки барномаҳои шабакаи телевизиони «Баҳористон», ки тавассути моҳвора пахш мегарданд ва аз рӯи мониторинге, ки гузаронида шуд, аудиторияи «Баҳористон» беш аз 3,5 миллион нафарро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон ҳайати техникию эҷодии «Баҳористон», ки қисмашонро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд, донишу малакаи хуро бобати таҳияи барномаҳои рангорангу ҷолиб равона намудааст.
Чанде пеш бо ибтикори телевизиони кӯдакон ва наврасон «Баҳористон» озмуни «Маҳорати суханварӣ» гузаронида шуд, ки дар он 300 нафар довталабон- кӯдакону наврасон иштирок намуданд. Дар ҷараёни озмун наврасон-чеҳраҳои нав, ки қобилияти хуби суханварӣ доранд, пайдо карда шуданд ва баъзеи онҳо ба ҳайси наттоқ дар барномаҳои идонаи телевизиони «Баҳористон» бахшида ба Рӯзи модар, ҷашни байналмилалии Наврӯз саҳм мегузоранд.
АМИТ «Ховар»: Оё «Баҳористон» бо муассисаҳои томактабӣ ва дабистонҳои кишвар робита дорад?
Дилафрӯз Амирзода: Бале, «Баҳористон» бо боғчаю мактабҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ҳамкории самарабахш ба роҳ мондааст. Вобаста ба таҷлили ҷашнҳои миллӣ, назири Рӯзи Парчам, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Модар, ҷашни байналмилалии Наврӯз, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дигар санаҳои таърихӣ дар ҳамкорӣ бо боғчаю мактабҳо барномаҳои гуногун таҳия мегарданд. Инчунин барномаи шавқовари варзишии «Офарин» бо иштироки кӯдакону наврасон ва толибилмон бевосита аз боғчаю мактабҳо омода мегардад.
АМИТ «Ховар»: Ҳамкории шабакаи «Баҳористон» бо шабакаҳои телевизиони кӯдаконаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар кадом сатҳ аст?
Дилафрӯз Амирзода: Шабакаи телевизиони кӯдакон ва наврасон «Баҳористон» бо шабакаи телевизиони кӯдаконаи «Карусель»-и Россия ва «Балапан»-и Қазоқистон ҳамкориро дар мавриди дастрас намудани филмҳои тасвирӣ, инчунин омӯхтани таҷрибаи ҳамдигар ба роҳ мондааст. Инчунин дар телевизиони кӯдакону наврасони «Баҳористон» филмҳои тасвирӣ ва бадеӣ барои кӯдакону наврасон тарҷума мегарданд.
АМИТ «Ховар»: Чун дар арафаи Иди зебои баҳор -Рӯзи Модар қарор дорем, ба модарони тоҷик чӣ таманно доред?
Дилафрӯз Амирзода: Қабл аз ҳама ба модарону бонувони тоҷик саломатӣ, осмони софу нилгун, оромию осоиштагиро таманно менамоям. Хоҳони онам, ки ҳар як модари тоҷик дар тарбия ва рӯҳияи одоби ҳамида ба камол расонидани фарзандон масъулияти бештар дошта бошад, рисолати модариашонро сарбаландона иҷро намоянд. Зеро бузургмарде фармудааст: «Зан бо як даст гаҳвора ва бо дигар даст дунёро такон медиҳад».
Мусоҳиб Марзия САИДЗОДА, хабарнигори «Ховар» .