Агентии обуҳавошиносӣ дар ҳафтаи аввали баҳор боронҳои пай дар пай пешгӯӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 03.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ ҳавои имрӯзаи кишварро абрнок ва бориши барфу боронро дар минтақаҳои алоҳида пешгӯӣ мекунанд. Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво аз 12 то 14 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва дар баъзе ҷойҳо бориши борону барф дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят то 5 дараҷа гарм шуда, дар шарқи он аз 8 то 13 дараҷа хунукӣ пешгӯӣ мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барфу борон ва туман пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония ва дар баъзе ҷойҳо аз 15 то 20 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво аз 10 то 15 дараҷа гарм шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво аз 6 то 11 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок пешбинӣ гардида, дар баъзе ҷойҳо бориши борону барфи кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония ва дар баъзе ҷойҳо аз 12 то 17 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 4 то 9 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар доманакӯҳҳо аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои алоҳида барф борида, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо аз 10 то 15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм хоҳад шуд.








Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд






