Бозии «Истиқлол» ва «Дордой»-ро доварон аз Аморот ҳакамӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 02.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Вохӯрии аввали «Истиқлол»-и Душанбе ва «Дордой»-и Қирғизистонро дар бозиҳои Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дар гурӯҳи «D» доварон аз Амороти Мутаҳидаи Араб ҳакамӣ мекунанд.
Ин бозӣ 14 март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, соати 18:30 барпо мегардад.
КФО ба ин бозӣ довари 35-солаи Амороти Мутаҳидаи Араб Ёқуб Юсуф Қосим Ҳасан ал-Ҳамодиро ба ҳайси довари майдон, ба сифати ёваронаш Масъуд Ҳасан Исмоил Блук Фард, Ҷумъа Ҳамид Носир ал-Муҳайнӣ ва Юсуф Абдулло ал-Алӣ (довари эҳтиётӣ)-ро таъйин кард. Нозири доварон Ҷосим Муҳаммад аз Қатар ва комиссар Тох Сен Ни аз Малайзия интихоб шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки «Дордой» ба бозиҳои гурӯҳи баъди ғалаба бар дастаи «Ҳосилот»и Фархор (1:0, 1:1) роҳхат гирифтааст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд






