Чемпионати Тоҷикистон: «Барқчӣ» барои дастаи мунтахаби ҷавонон замина тайёр мекунад
ДУШАНБЕ, 18.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Клуби футболи «Барқчӣ», ки заминаи асосии дастаи мунтахаби ҷавонони кишварро ташкил медиҳад, имсол дар шаҳри Ҳисор маскан гирифта, бозиҳои хонагии худро дар Варзишгоҳи шаҳри Ҳисор барпо менамояд.
Ба вазифаи президенти клуб узви Кумитаи техникии ФФТ Лутфулло Алимардонов пазируфта шудааст. Новобаста ба ду бохт дар оғози мавсими нави футбол аз «Истиқлол» бо натиҷаи 6:0 ва «Регар -ТадАЗ» 1:0 роҳбарони даста умед доранд, ки дар бозиҳои минбаъда натиҷа беҳтар хоҳад шуд. Дар мусоҳиба ба сомонаи ФФТ Лутфулло Алимардонов гуфтааст: «Қуръакашии ҷадвали мусобиқот барои мо он қадар хуб наомад ва дар оғоз бо дастаҳои пурзӯри мамлакат -«Истиқлол», «Регар-ТадАЗ» ва «Ҳосилот» қувва меозмоем. Боварӣ дорам, ки дастаи мо дар ҷараёни мусобиқот мавқеи худро пайдо карда, бозии зебо нишон медиҳад ва дар ҷадвали мусобиқот ҷои сазоворро ишғол менамояд. «Барқчӣ»-ро ШСХК «Барқи тоҷик» сарпарастӣ мекунад.
Боиси хушнудист, ки бозии даври дуюмро дар Варзишгоҳи шаҳри Ҳисор 2000 мухлис тамошо кард. Дар Ҳисор футболро дӯст медоранд. Боварӣ дорам, ки шумораи мухлисон боз ҳам бештар мегардад.
«Барқчӣ» асоси дастаи мунтахаби ҷавонони мамлакатро ташкил медиҳад ва тирамоҳ- моҳи ноябри соли равон дар Бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё-2018 ширкат менамояд. Мақсади асосии «Барқчӣ» тайёр кардани футболбозон барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва ҳамчунин дастаи ҷавонони Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар назди дастаи мунтахаби ҷавонон мақсад гузошта шудааст, ки ба бозиҳои финалии чемпионати Осиё-2018 роҳхат гиранд»,-ҷамъбаст кардааст, Лутфулло Алимардонов.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дастаи «Барқчӣ» дар даври сеюми чемпионати Тоҷикистон бо дастаи «Ҳосилот» дар Варзишгоҳи шаҳри Ҳисор вориди майдон мешавад.
Дар Варзишгоҳи марказии пойтахт низ КМВА «Помир» бо «Хуҷанд» ва «Истиқлол» бо «Регар-ТадАЗ» қувва меозмоянд.








Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд






