Дар Боғи Ирам намоиши ҳафтсину ҳафтшин доир гардид

Март 2, 2017 09:27

ДУШАНБЕ, 02.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тадбирҳои фарҳангии Муассисаи давлатии маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» дар «Боғи Ирам» бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаи бошукӯҳи идона баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар барнома ҳайати кормандон, донишҷӯдухтарон, сокинони пойтахт иштирок намуда, дастархони идонаро, ки аз ҳафтсину ҳафтшин- шакароб, ширкаду, оши бурида, каллапоча ва дигар таомҳои миллӣ иборат буд, ба намоиш гузоштанд.
Ҳамзамон дигар анъанаҳои наврӯзӣ, ки хоси духтарон мебошанд, аз ҷумла зардӯзӣ, чодардӯзӣ, мӯҳрабофӣ, қироати шеъру сурудҳо дар васфи суманак ва баҳору Наврӯз, ҳинобандон аз ҷониби донишҷӯдухтарон нишон дода шуда, намоиши либосҳои миллӣ ва ҳунарҳои дастии духтарон пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.

Март 2, 2017 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид