Дар Хатлон ҷаласаи ситоди назди раиси вилоят оид ба соҳаи кишоварзӣ доир шуд
ҚӮРҒОНТЕППА, 02.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷаласаи ситоди кории назди раиси вилояти Хатлон оид ба масъалаи ҷараёни корҳои саҳроӣ ва кишти зироати баҳорӣ баргузор гардид.
Дар кори ситод муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ, Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон, муовини аввали Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мустафо Султонзода, муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Саидова, муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидумрон Абдураҳмонзода, муовини якум ва муовинони раиси вилояти Хатлон ва раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.
Ба баррасии кори ситоди корӣ масъалаи таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба сари вақт ва пурра ба анҷом расонидани кишти баҳории зироати кишоварзӣ ва вазифаҳои навбатӣ барои соли равон пениҳод гардид.
Дар ситод муовини якуми раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода оид ба иҷрои дурнамои кишти зироати кишоварзӣ дар ҳамин давраи соли 2017 сухан гуфт. Аз рӯи маърӯзаи Қурбон Ҳакимзода оид ба вазъи иҷрои дурнамои кишти картошка, пиёз ва сабзавоти зериплёнкагӣ раисони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппа, сардорони мақомоти соҳаҳои кишоварзӣ, заминсозӣ ва омори вилояти Хатлон ҳисобот доданд. Ҷиҳати ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани иҷрои нақшаи кишти зироати номбурда, тайёр намудани шабакаҳои обтаъминкунӣ ба мавсим, пешгирии паҳншавии ҳашароти зараррасон, ғизодиҳии зироати ғалладонагӣ, ба анҷом расонидани шудгори босифати заминҳо ва омодагӣ ба кишти пахта ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.
Вобаста ба расонидани мӯҳтавои дастуру супоришҳои протоколии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 феврали соли 2017 баён доштанд, дар назди ҳозирин муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода ибрози андеша карда, ҷиҳати ба таври муташаккилона дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ба анҷом расонидани кишти зироати баҳорӣ ба масъулини соҳа дастур дод.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






