Дар шаҳри Исфара мусобиқаи варзишии наврӯзӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 21.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар варзишгоҳи марказии ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара бахшида ба фарорасии ии Наврӯзи байналмилалӣ ва Соли чавонон мусобиқаи варзишии гӯштини миллӣ баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Рамазон Раҳимзода, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он 150 нафар паҳлавонони варзишгар аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок намуданд.
Дар оғози мусобиқа Солиҷон Парпиев, муовини сардори Шуъбаи 2-и Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара кулли иштирокдоронро аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз табрик намуд ва баргузории чунин мусобиқаро дар Соли ҷавонон иқдоми нек арзёбӣ кард.
Дар фарҷом ба ғолибон туҳфаҳои қиматнок тақдим карда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






