Дар шаҳри Ваҳдат оид ба тақсими мероси волидайн аз нигоҳи қонун вохӯрӣ доир гардид

Март 2, 2017 15:06

ВАҲДАТ, 02.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо тақсим намудани  мероси волидайн баъд аз марги онҳо яке аз масъалаҳои баҳсбарангезтарини рӯзгори сокинони ҷумҳурӣ гардидааст. Он дар аксари ҳолатҳо ба гусаста шудани робитаҳои хешутаборӣ, сар задани баҳсҳои тӯлонии додгоҳӣ ва ҳатто  хушунатҳои оилавӣ мепечад. Аз ин хотир кормандони идораи нотариалии давлатии шаҳри Ваҳдат дар маркази ҷамоати шаҳраки Нуъмон Розиқи  шаҳр дар мавзӯъҳои «Ба расмиятдарории васиятнома ва   тарзи навиштани он, тасдиқ, тағйир додан ва бекор кардани он», «Барасмиятдарории шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз руйи қонун ва тартиби барасмиятдарории он»  бо   раисони маҳаллаҳо, фаъолон, ҷавонон ва падару модарон вохӯрӣ  доир намуданд. Дар ин бора Музаффаршо Хингов, нотариуси калони шаҳри Ваҳдат ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Инчунин дар вохӯрӣ дар бораи  дӯстиву рафоқати байниҳамдигарӣ, садоқату вафодорӣ, ғамхорӣ нисбат ба якдигар, масъулияти тарафайн дар ҳалли масъалаҳои оилавӣ, тарбия ва ба воя расонидани фарзандон дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва дигар арзишҳои миллӣ суҳбат доир гардид.

Март 2, 2017 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад