Донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ бо гумони авбошӣ дастгир карда шуданд
ДУШАНБЕ, 14.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми гузаронидани тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон чор нафар сокинони шаҳри Душанбе, ҷавонони аз 18 то 21-сола, ду нафарашон донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ, бо гумони ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд.
Гумонбаршудагон 12 марти соли равон, тахминан соати 14:30, дар кӯчаи Деҳлавии пойтахт бо се нафар ҷавони аз 23 то 30-сола, савдогарони бозори «Шоҳмансур», сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияи Восеъ вохӯрда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, тартиботи ҷамъиятиро вайрон карда, ҳамдигарро лату кӯб кардаанд.
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






