Доварони бозӣ байни дастаҳои Яман ва Тоҷикистон таъйин шуданд
ДУШАНБЕ, 27.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Бозии аввалини расмии интихобии гурӯҳи «F»-и Ҷоми Осиё-2019-ро бо ширкати дастаҳои мунтахаби Яман ва Тоҷикистон, ки 28 март дар варзишгоҳи Суҳейм бин Ҳамад гузаронида мешавад, доварон аз кишвари Малайзия ҳакамӣ мекунанд.
Ба ҳайси довари майдон Нагор Амир бин Нур Муҳаммади 33-сола (довари ФИФА, дар акс аз рост) таъйин шудааст. Ба ӯ Муҳаммад Шаҳрим бин Че Умар ва Муҳаммад Ориф Шамил бин Рашид (ёварони довари ФИФА) кумак мерасонанд. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба зиммаи Муҳаммад Замзаидӣ бин Катимина (довари ФИФА) вогузор шудааст. Нозири доварон Маҳюб Содиқ аз Фаластин ва комиссари вохӯрӣ Ҷаргал Суҳбаатар аз Муғулистон мебошанд. .
Тавре иттилоъ додем, бозии аввалини интихобии гурӯҳи «F»-и Ҷоми Осиё-2019 бо ширкати дастаҳои мунтахаби Яман ва Тоҷикистон 28 март дар варзишгоҳи Суҳейм бин Ҳамад, соати 21:00 бо вақти Душанбе баргузор мешавад.
Дар ин рӯз дар гурӯҳи «F» вохӯрии байни дастаҳои Филиппин ва Непал низ гузаронида хоҳад шуд.








БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд






