Фестивали оммавии футболи кӯдакон дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 31.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Фестивали оммавии футболи кӯдакон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо ширкати 120 нафар кӯдакон аз ноҳияву маҳалҳо ва кӯчаҳои шаҳр гузаронида шуд. Дар ин бора сомонаи расмии ФФТ хабар медиҳад.
Раиси федератсияи футболи шаҳри Душанбе Анваршо Мирзоев дар суҳбат гуфт: «Барои ривоҷи футбол байни кӯдакон боз як қадаме гузошта шуд ва дар ояндаи наздик аз миёни онҳо футболбозоне ба воя мерасанд, ки дар дастаҳои гуногуни футболи мамлакат ҳунарнамоӣ карда, барои худ роҳро ба сӯи дастаи мунтахаб ҳамвор мекунанд, номвар мешаванд ва ба устодони ҳақиқии футбол табдил меёбанд».
Фестивал ба ҷашни рангину ёдмон табдил ёфт ва аз он иштирокчиёнаш лаззат бурда, дӯстони зиёде пайдо карданд ва минбаъд рафоқати байниҳамдигариро идома медиҳанд.
Дар анҷоми фестивал ба ҳамаи иштирокчиён тӯбҳои футбол ва маҷмӯи либосҳои варзишӣ супорида шуданд. Мураббиён аз ҷониби намояндаи ФИФА Александр Чернухо бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи машғулиятҳо сарфароз гардиданд.








ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард






