«Хуҷанд» ва «Регар-ТадАЗ» даври дуюмро бо ғалаба истиқбол карданд

Март 13, 2017 12:03

ДУШАНБЕ, 13.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода даври дуюми чемпионати мамлакат байни дастаҳои Лигаи олиро бо ғалаба истиқбол карданд.
Дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» футболбозони шаҳри Хуҷанд бар дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд. Дилшод Бозоров дар дақиқаи 33-юм аз зарбаи пеналтӣ ва Давронҷон Тӯхтасунов дар дақиқаи 66-ум бо голҳои задаашон «Хуҷанд»-ро ба аввалин ғалабааш дар мавсими нави футбол комёб гардониданд.
Давронҷон Тӯхтасунов, ки дар мавсими соли 2017 аз КМВА «Помир» ба «Хуҷанд» гузаштааст, аввалин голи худро дар дастаи нав ба нишон расонид.
«Регар- ТадАЗ» дар меҳмонии дастаи «Барқчӣ» дар Варзишгоҳи шаҳри Ҳисор бо ягона голи Фирӯз Раҳматов дар дақиқаи 65-ум соҳиби се имтиёз гардид ва то бозиҳои дигар дастаҳо ба садри ҷадвали мусобиқот баромаданд.
Имрӯз дар Варзишгоҳи шаҳри Ҳисор дастаҳои «Панҷшер» бо «Ҳосилот» қувва меозмоянд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 2-юм

«Хуҷанд» «Вахш» — 2:0
Голҳо: Дилшод Бозоров, 33 аз пеналтӣ (1:0). Давронҷон Тӯхтасунов, 66 (2:0).
«Хуҷанд» (Хуҷанд): Дилшод Додобоев, Манучеҳр Ахмедов, Далерҷон Тӯхтасунов, Соҳибҷон Ҳакимов, Шероз Абдуллоев, Дилшод Каримов, Эҳсон Бобоев, Отабек Каримов (Шоҳрух Раҷабматов, 72), Ҳикматулло Расулов (Мубин Мӯминов, 89), Давронҷон Тӯхтасунов (Фарҳод Тоҳиров, 85), Дилшод Бозоров.
«Вахш» (Қӯрғонтеппа): Баҳовиддин Холиқов (Баҳодур Толибов, 68), Холмурод Назаров (Хайриддин Тӯрахонов, 86), Азамҷон Муродов, Азим Раҳмонов, Хуршед Бекназаров, Валиҷон Зарифов, Умарҷон Шарифов (Парвиз Саидмуродов, 77), Худойдод Узоқов, Ҷамолиддин Зардиев, Далер Умаров, Собирҷон Холматов.
Огоҳӣ: Ҳикматулло Расулов, Далерҷон Тӯхтасунов («Хуҷанд»), Азамҷон Муродов, Ҷамолиддин Зардиев («Вахш»).
Бозингари беҳтарин: Давронҷон Тӯхтасунов («Хуҷанд»).
Довари майдон: Насрулло Кабиров (Норак).
Нозири доварон: Турдибек Кушназаров (Гулистон).
Комиссари бозӣ: Аҳлиддин Юнусов (Хуҷанд).
12 март. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 2000 тамошобин.

«Барқчӣ» «Регар-ТадАЗ»  — 0:1
Гол: Фирӯз Раҳматов, 65.
«Баркчӣ» (Ҳиссор): Беҳрӯз Хайриев, Ваҳдат Ханонов, Ҳувайдо Малиев, Оятулло Сафаров, Манучеҳр Сафаров, Муҳсин Парпиев, Кароматулло Саидов, Амирҷон Сафаров, Далер Ёдгоров (Тоҳир Малодӯстов, 85), Нуриддин Ҳамроқулов, Шаҳром Самиев (Шериддин Бобоев, 75).
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Далер Азизов, Алишер Шарифов, Бахтиёр Қаландаров, Саидхони Амрохон, Фирӯз Қараев, Азим Тошев, Шерзод Маҳамадиев (Дороб Эргашев, 46), Расул Файзов, Бахтиёр Чориев, Фирӯз Раҳматов, Евгений Хотимский.
Огоҳӣ: Мӯҳсин Парпиев, Амирҷон Сафаров, Ваҳдат Ханонов («Барқчӣ»), Расул Пайзов, Бахтиёр Қаландаров, Фирӯз Қараев («Регар-ТадАЗ»).
Бозингари беҳтарин: Фирӯз Раҳматов («Регар-ТадАЗ»).
Довари майдон: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).
Нозири доварон: Алишер Урунов (Душанбе).
Комиссари бозӣ: Эраҷ Носеҳов (Душанбе).
12 март. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 2000 тамошобин.

13 март (душанбе)
Оғоз: соати 16:00
«Панҷшер» «Ҳосилот»
Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

    Б Ғ М Б Т/т И
1 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 2 1 1 0 2-1 4
2 «Истиқлол» (Душанбе) 1 1 0 0 6-0 3
3 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 2 1 0 1 3-2 3
4 «Ҳосилот» (Фархор) 1 1 0 0 2-1 3
5 «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) 1 0 1 0 1-1 1
6 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 2 0 1 1 0-2 1
7 КМВА «Помир» (Душанбе) 1 0 1 0 0-0 1
8 «Барқчӣ» (Ҳиссор) 2 0 0 2 0-7 0
Март 13, 2017 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад
Дар мусобиқаи байналмилалии «Tashkent Grand Slam 2026» оид ба гӯштини ҷудо 17 варзишгари тоҷик иштирок менамояд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хиросима иштирок мекунад
ҶОМИ ФФТ-2026. Ҷуфтҳои даври нимниҳоии мусобиқа муайян шуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон Суҳроб Сатторовро барои фаъолияти арзанда дар Ҷоми Осиё-2026 қадрдонӣ намуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор гардид