Имрӯз бозии финалӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон баргузор мешавад

Март 4, 2017 12:37

ДУШАНБЕ, 04.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Варзишгоҳи шаҳри Ҳисор чемпиони феълӣ ва соҳиби Ҷоми Тоҷикистон- «Истиқлол»-и Душанбе бо барандаи медалҳои нуқраи чемпионати мамлакат -«Ҳосилот»-и Фархор барои Суперҷоми Тоҷикистон вориди майдон мешаванд. Оғози бозӣ соати 14:00 дар назар аст.
Дирӯз дар толори матбуотии ФФТ нишасти хабарӣ бо мураббиён ва бозингарони дастаҳо гузаронида шуд.
Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе омодагии дастаро ба мавсими нав хуб арзёбӣ кард:
«Омодагиро ба мавсими нав мо аз моҳи декабр шурӯъ кардем. Марҳалаҳои тайёрӣ дар Душанбе ва Туркия гузаронида шуданд. «Истиқлол» дар ин муддат ба ғайр аз футболбозони дастаи мунтахаби Тоҷикистон -Нуриддин Давронов, Ҷаҳонгир Эргашев ва Фарҳод Восиев, боз бо ду легионер-муҳофизатгар Артём Барановский, ки дар клуби футболи «Олимп»-и Украина бозӣ мекард ва бо ҳамлагари рус Дмитрий Барков аз чемпионати Эстония шартномаи худро ба имзо расонид. Фикр мекунам, ки дастаи мо ҳаматарафа ба мавсим омода аст.»
Капитани дастаи «Истиқлол» Фатҳулло Фатҳуллоев чунин иброз дошт:
«Ҳосилот» дастаи хуб аст ва баъди бохташ дар Ҷоми КФО ташнаи ғалаба мебошад. Аз пурқувват кардан ва тағйирот дар ҳайтаи дастаамон хеле шодам. Фикр мекунам, ки бозингарони нав ба дастаи мо кумаки худро хоҳанд расонд».
Сармураббии дастаи «Ҳосилот»-и Фархор Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев дар масъалаи тайёрӣ ба ин вохӯрӣ чунин гуфт: «Баъди бохт аз дастаи «Дордой» барои ба худ омадан футболбозонро ба истироҳат фиристодем ва онҳо имрӯз ҷамъ мешаванд. Мутаассифона, чанд нафар бозингарони мо лат бардоштаанд ва дар вохӯрӣ иштирок карда наметавонанд. Ба ин нигоҳ накарда, бо тамоми ҳастӣ барои Суперҷом мубориза мебарем».
Мӯсо Содиқ ҳам ба гуфтаҳои мураббӣ шарик шуда, аз пурқувват будани дастаи «Истиқлол» ҳарф зад: «Истиқлол» дастаи беҳтарини Тоҷикистон мебошад. Бо ин даста бозӣ кардан ифтихор аст. Мо кӯшиш мекунем, ки бозии хуб нишон диҳем».
Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон маротибаи 8-ум гузаронида мешавад. Аз ин пеш чунин натиҷаҳо ба даст омадаанд.
2010 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) «Истиқлол» (Душанбе) 0:2
2011 «Истиқлол» (Душанбе) «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 1:0
2012 «Истиқлол» (Душанбе) «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 2:1
2013 «Равшан» (Кӯлоб) «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 2:1
2014 «Равшан» (Кӯлоб) «Истиқлол» (Душанбе) 0:5
2015 «Истиқлол» (Душанбе) «Хайр» (Ваҳдат) — 2:2, аз рӯи пеналтӣ 4:3
2016 «Истиқлол» (Душанбе) «Хуҷанд» (Хуҷанд) 3:2.

Март 4, 2017 12:37

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд