Китобхонаи миллии Тоҷикистон барномаи даъват ба китобхониро оғоз кард

Март 28, 2017 09:58

ДУШАНБЕ, 28.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдории Китобхонаи миллии Тоҷикистон барномаи «Даъват ба китобхона»-ро, ки тарҳи он соли гузашта роҳандозӣ шуда буд, дар Наврӯзи имсол аз мактаби таҳсилоти умумии рақами 8-и пойтахт оғоз кард. Дар ин бора аз Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдории Китобхонаи миллӣ хабар доданд.
Баъд аз зуҳри дирӯз гурӯҳе аз кормандони шуъба вориди ин мактаб шуданд. Дар мулоқот бо донишомӯзону устодон онҳоро бо Китобхонаи миллӣ ошно карданд ва дар фарҷом даъват намуданд, ки аз ин боргоҳи маърифат дидан кунанд ва аз он ташнагии маънавӣ бишкананд.
Ҷонишини директори мактаби номбурда Гуландом Амонова аз ин иқдом пуштибонӣ кард ва бо изҳори миннатдорӣ аз суҳбати озоди кормандони китобхона бо хонандагону устодон иброз дошт, ки баъди мактаб дуюмин ҷойе, ки хонанда интихоб мекунад, ин китобхона мебошад.
Дар мулоқот кормандони шуъба ба хонандагон дар бораи имкониятҳои Китобхонаи миллӣ, толорҳои хониш, давраҳои омӯзиши забонҳои гуногуни хориҷӣ ва хизматрасониҳо дар он нақл карданд ва барои ҳар ширкаткунандаи ин мулоқот китобчаи раҳнамо тақдим намуданд. «Устодоне, ки дар мулоқот ширкат доштанд, гуфтанд, ки дар оянда дар соатҳои тарбиявӣ хонандагонро барои рафтан ба Китобхонаи миллӣ ташвиқ хоҳанд кард, ҳамчунин онҳоро аз имкониятҳои васеъи ин маъхази маърифат хабар хоҳанд дод»,-иттилоъ доданд аз Китобхонаи миллӣ.

Март 28, 2017 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид