Курсҳои мураббиён барои литсензияи «А»-и Конфедератсияи футболи Осиё
ДУШАНБЕ, 17.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Реҷенси»-и шаҳри Душанбе курси омӯзишии мураббиён барои ноил шудан ба литсензияи «А» -и Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) оғоз ёфт.
Чунин курсҳо дар Тоҷикистон 2 сол қабл гузаронида шуда буданд. Машғулиятҳо аз рӯи барномаи Департаменти техникии ФФТ ройгон ҷараён мегиранд ва дар онҳо беш аз 20 нафар мутахассисону футболбозони шинохтаи собиқи кишварамон, чун Аслиддин Ҳабибуллоев, Юсуф Рабиев, Маъруф Рустамов, Алишер Туйчиев, Комрон Шодиев, Файз Давлатов, Одилҷон Каримов, Пайрав Воҳидов, Шуҳрат Ҳақбердиев, Ӯктам Сатторов, Ғиёс Назаров, Сӯҳроб Шарифов, Далер Каёсов, Сафаралӣ Раҳмонов, Бахтиёр Панҷиев, Бахтиёр Ҳалимов, Шавкат Иброҳимов, Ашӯр Гадоев, инчунин ду мутахассис аз давлати Туркия Ҳоқон Сарибасак ва Убайдулло Явуз иштирок доранд.
Машғулиятҳоро коршиноси КФО Одил Ахмедов аз Ӯзбекистон бо кумаки коршиносони тоҷик Боир Эгамбердиев ва Илдар Раҳмонов (коршиносони КФО) мегузаронанд.
Баъди анҷоми машғулиятҳои амалӣ ва назариявӣ онҳое, ки аз имтиҳонҳо бомуваффақият мегузаранд, сазовори литсензияи «А» мегарданд.
Ёдрас мешавем, ки мутахассисоне, ки литсензияи «А»-ро соҳиб мегарданд, ҳуқуқ доранд дастаҳои Лигаи олии Тоҷикистонро машқ дода, дар оянда барои ноил шудан ба литсензияи дараҷаи олӣ- «Pro» омӯзиши худро идома диҳанд.








Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд






