Лигаи футболи Тоҷикистон оғози бозиҳои даври 3-юмро эълон кард

Март 17, 2017 09:58

ДУШАНБЕ, 17.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Лигаи футболи Тоҷикистон оғози бозиҳои даври 3-юмро эълон кард. Ба ҳамин тартиб, 18 март соати 14:00 дар майдони дуюми Варзишгоҳи марказӣ КМВА «Помир» бо дастаи «Хуҷанд» вориди майдон мешаванд. Дар ҳамин рӯз, соати 17:00 клуби футболи «Истиқлол» бо «Регар-ТадАЗ» дар майдони асосии Варзишгоҳи марказӣ бо ҳам қувва меозмоянд.
18 март ҳамчунин дар Варзишгоҳи шаҳри Ҳисор «Барқчӣ» клуби футболи «Ҳосилот»-ро қабул мекунад. Оғози бозӣ соати 18:00.
Як вохӯрии дигари даври сеюм ба 19 март вогузор гардид ва соати 15:00 бо ширкати дастаҳои «Вахш» ва «Панҷшер» дар майдони дуюми Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки баъди ду давр «Ҳосилот»-и Фархор бо 6 имтиёз дар зинаи аввал буда, «Регар-ТадАЗ» бо 4 имтиёз зинаи дуюмро ишғол мекунанд. «Истиқлол» баъди як вохӯрӣ бо 3 хол дар ҷои сеюм аст.

    Б Ғ М Б Т/т И
1 «Ҳосилот» (Фархор) 2 2 0 0 5-1 6
2 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 2 1 1 0 2-1 4
3 «Истиқлол» (Душанбе) 1 1 0 0 6-0 3
4 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 2 1 0 1 3-2 3
5 КМВА «Помир» (Душанбе) 1 0 1 0 0-0 1
6 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 2 0 1 1 0-2 1
7 «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) 2 0 1 1 1-4 1
8 «Барқчӣ» (Ҳиссор) 2 0 0 2 0-7 0
Март 17, 2017 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд