Марҳабо, мавсими футболи соли 2017-и Тоҷикистон!
ДУШАНБЕ, 06.03.2017/АМИТ «Ховар»/. 5 март аввалин бозиҳои мавсими нави футбол дар Лигаи олии Чемпионати Тоҷикистон гузаронида шуданд. Аз сабаби ба мавсим омода набудани варзишгоҳҳои «Металлург»-и шаҳри Турсунзода ва «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа вохӯрии даври аввал бо ширкати дастаҳои «Регар-ТадАЗ» бо «Панҷшер» ва «Вахш» бо КМВА «Помир» дар майдони дуюми Варзишгоҳи марказии пойтахт гузаронида шуданд.
Дар вохӯрии аввал «Регар-ТадАЗ» бо «Панҷшер», ки имсол ба қатори дастаҳои Лигаи олӣ аз нав шомил шуд, бозиро бо натиҷаи мусовӣ- 1:1 ҷамъбаст кард. Дар дақиқаи аввали бозӣ меҳмонон тавассути голи Ҳусейн Умаров, ки нахустин голи мавсими футболи соли 2017-ро ба нишон расонд, ба сафи пеш баромаданд. Фирӯз Раҳматов дар дақиқаи 16-ум ба ин гол ҷавоб гардонд ва ҳамин натиҷаи 1:1 то анҷоми вохӯрӣ боқӣ монд.
Бозии дуюми рӯз бо ширкати дастаҳои «Вахш» ва КМВА «Помир» низ мусовӣ- 0:0 анҷом ёфт. Дастаҳо ба кушодани ҳисоб имкон наёфтанд.
Ду мусовӣ дар оғози мавсим ба он далолат мекунанд, ки мусобиқаҳо дар мавсими нав пуршиддат ҷараён мегиранд.
8-уми март ду бозии дигар бо иштироки чемпиони феълии Тоҷикистон- «Истиқлол»-и Душанбе бо «Барқчӣ»-и Ҳисор дар Варзишгоҳи марказӣ ва «Ҳосилот»-и Фархор бо «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар шаҳри Кӯлоб доир мегарданд.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври аввал
«Регар-ТадАЗ» «Панҷшер» 1:1
Муаллифи голҳо: Ҳусейн Умаров, 1 (0:1). Фирӯз Раҳматов, 16 (1:1).
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Далер Азизов, Алишер Шарифов, Доробҷон Эргашев, Фарҳод Холбеков, Фирӯз Қараев, Расул Файзов, Бахтиёр Чориев, Бахтиёр Қаландаров, Шерзод Маҳамадиев (Одил Бобоназаров, 53), Азим Тошев (Саидхони Амрохон, 46), Фирӯз Раҳматов (Комрон Турсунов, 63).
«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ): Сафар Наботов, Алишери Ҳотам, Анвар Ҳамроқулов, Руслан Тиллоев, Бехрӯз Ниёзов, Шавкат Худойназаров, Ҳасан Холов (Алишер Салимов, 72), Фаррух Фузайлов, Абдухалил Боронов, Сорбон Авғонов, Ҳусейн Умаров.
Огоҳӣ: Фарҳод Холбеков («Регар-ТадАЗ»), Беҳрӯз Ниёзов, Руслан Тиллоев («Панҷшер»).
Бозингари беҳтарин: Ҳусейн Умаров («Панҷшер»).
Довари майдон: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).
Нозири доварон: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).
Комиссари бозӣ: Анваршо Мирзоев (Душанбе).
5 март. Душанбе. Майдони дуюми Варзишгоҳи марказӣ. 200 тамошобин.
«Вахш» КМВА «Помир» 0:0
«Вахш» (Қӯрғонтеппа): Баҳовиддин Холиқов, Акмал Сабуров, Холмурод Назаров, Хуршед Бекназаров, Азимҷон Раҳмонов, Валиҷон Зарифов (Хайриддин Тӯрахонов, 70), Умарҷон Шарифов, Ҷамолиддин Зардиев, Далер Умаров (Муҳаммадрофеъ Холов, 81), Собир Холматов, Худойдод Узоҳов (Парвиз Саидмуродов, 90+4).
КМВА «Помир» (Душанбе): Анатолий Старушенко, Идибек Ҳабибуллоев, Игор Суров, Зоир Ҷӯрабоев, Фурӯғ Қодиров, Комрони Мирзонаҷот, Комрони Мирзохон, Фирдавс Чақалов, Шамсиддин Қосимов, Шарафҷон Солеҳов, Мисиам Иносент (Умед Азизов, 65).
Огоҳӣ: Собир Холматов, Худойдод Узоқов, Парвиз Саидмуродов («Вахш»), Мисиам Иносент, Комрони Мирзонаҷот, Идибек Ҳабибуллоев (КМВА «Помир»).
Бозингари беҳтарин: Игор Суров (КМВА «Помир»).
Довари майдон: Абдурашид Муродов (Турсунзода).
Нозири доварон: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).
Комиссари бозӣ: Ҷовидон Ҳасанов (Душанбе).
5 март. Душанбе. Майдони дуюми Варзишгоҳи марказӣ.150 тамошобин








БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд






