Маркази таълимии ҳунаромӯзӣ-туҳфаи хуби наврӯзӣ баҳри бонувони шаҳри Бӯстон
ХУҶАНД, 21.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи таҷлили Наврӯзи байналмилалии хуҷастапай бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ва соҳибкори маҳаллӣ ба бонувони шаҳр туҳфаи хубе пешниҳод гардид.
Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар шаҳри Бӯстон бо иштироки васеи сокинон, фаъолзанону ҳунармандон, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, аз ҷумла муовини раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода ва раиси шаҳри Бӯстон Рухсора Давлатзода маркази ҳунаромӯзӣ- Маркази таълимии атласу адрасбофӣ, сӯзанидӯзӣ, қолинбофӣ, заргарӣ ва сехи дӯзандагии Корхонаи воҳиди давлатии «Фулузоти нодири Тоҷикистон» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ҳоло дар шаҳри Бӯстон ду маркази таълимӣ-истеҳсолӣ фаъолият дошта, дар он аз рӯи ҳунарҳои гуногуни миллӣ беш аз 160 нафар занону духтарони бешуғл ба ҳунаромузӣ фаро гирифта шуданд. То имрӯз зиёда аз 300 нафар бонувон ҳунарҳои миллиро аз худ намуда, соҳиби шуғли доимӣ гардидаанд.
Дар маркази нав дар навбати аввал барои ҳунаромӯзӣ 50 нафар занону духтарони бешуғл ҷалб карда шуда, дар оянда шумораи бонувони ҳунаромӯз ба маротиб зиёд карда мешавад. Бо ифтитоҳи маркази нав умед аст, ки он дар баробари ҷалби занону ҷавондухтарон ба ҳунаромӯзӣ, ҳамчунин дар рушди анъанаҳои миллӣ саҳмгузор хоҳад гашт.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






