Наврӯзӣ дар боғи Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Март 25, 2017 16:04

ДУШАНБЕ, 25.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба як қатор шаҳру навоҳии вилояти Суғд, нимаи дуюми имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими наврӯзӣ дар боғи «Ваҳдат»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок варзиданд.

Дар боғи «Ваҳдат», ки чанд сол қабл бо ибтикороти наҷибонаву бевоситаи Пешвои миллат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташкил ёфта буд, ҷашни аҷдодии халқҳои ориёитабор-Наврӯзи некпай, ки ҳамакнун мақоми байналмилалиро касб кардааст, ин иди бостонӣ комилан бо шаҳомати махсус таҷлил шуд. Зеро аз як ҷониб табиати афсункори ин боғ ва аз тарафи дигар таҳияи русуми аҷдодӣ аз тарафи бошандагони ҳамаи 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, базмгоҳи наврӯзиро дар ин мавзеъ диданиву фараҳафзо ва хотирмон сохтааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди сокинону меҳмонони сершумори маросими наврӯзӣ дар боғи Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров суханронӣ карда, бори дигар кулли ҳамватанон, сокинони вилояти Суғд ва ҳозиринро ба ифтихори падидаи нодири фарҳанги ҷаҳонӣ – Наврӯзи оламафрӯз самимона табрик гуфта, барои давлати соҳибистиқлоламон соли бобарор ва амалишавии иқдомҳои наву созандаро орзу карданд.

Дар суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шуд, ки «Дар шабу рӯзҳои ҷашни Наврӯз суннати аёдати хешу табор ва аз аҳволи эҳтиёҷмандон бохабар шуда, Наврӯзу баҳорро табрик намудан дар фарҳанги мардуми мо ҷойгоҳи муҳим дорад. Бузургони мо ба ятимону маъюбон ва эҳтиёҷмандону оилаҳои камбизоат кӯмак кардан, Наврӯзро табрик гуфта, шод кардани дили онҳоро аз ҷумлаи амалҳои хайру савоб донистаанд».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи нутқи пурмуҳтавои хеш, махсусиятҳои ин ҷашни зебоиро таъкид карда, зикр доштанд, ки «боиси ифтихор аст, ки муҳимтарин суннату таомулҳои наврӯзӣ, аз қабили бо нақшаву ниятҳои нав оғоз намудани кору зиндагӣ, пок кардани дилҳо аз кинаву адоват, поксозии ҷиҳозу асбоби хона, аёдати пирону беморон, дастгирии ятимону эҳтиёҷмандон, шинонидани ниҳол, донапошӣ ва ташкили мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ дар ин шабу рӯзҳои ҷашн ба таври оммавӣ аз ҷониби аҳолӣ дастгирӣ меёбанд».

Дар ниҳояти суханронӣ Роҳбари давлати Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  хонаву кошонаи ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ пайку муждаи иқбол ва бахту саодати тоза тамано карданд. Қисмати интиҳоии маросими наврӯзӣ дар боғи Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро пешкаш кардани маросими ботантанаи идона, зери унвони «Корвони наврӯзӣ» ташкил дод. «Корвони наврӯзӣ» , ки маротибаи дуюм аст дар вилояти Суғд доир мегардад, бо шаҳомати тоза ва сатҳи баланду арзанда ҷараён гирифт.

Тибқи иттилои дастандаркорони ин чорабинии муҳташами фарҳангӣ, дар ин тадбири хотирмони ҷашнӣ бештар аз 6 ҳазор нафар ҷалб гардиданд. Дар барномаи зикршудаи фарҳангӣ-оммавӣ анъанаву русуми аҷдодии бошандагони гӯшаву канори Тоҷикистони азиз ва суннатҳои марбут ба қавму миллатҳои ҷашнгирандаи ҳавзаи Наврӯз таҷассуми худро пайдо кард, ки басо дилписанд ва хотимон буд.

Март 25, 2017 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Шарҳи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2026
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026