Муҳокимаи вазъи кунунии иқтисодиёти кишвар дар Бонки миллии Тоҷикистон

Март 17, 2017 11:04

ДУШАНБЕ, 17.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи кунунии иқтисодиёти кишварро дирӯз Ҷамолиддин Нуралиев, муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар мулоқот бо Ҳонгҷу Ҳам, муовини Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Мутаҳид барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP) муҳокима намуданд. Дар ин бора аз Шуъбаи матбуоти Бонки миллӣ хабар доданд.
Тавре ки манбаъ иттилоъ дод, дар мулоқот Ҳонгҷу Ҳам, муовини Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP) барои ташрифи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар Форуми кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба рушди устувор, ки соли равон баргузор хоҳад гашт, даъват ба амал овард.
Зимни гуфтушунид ҷонибҳо оид ба соҳаи низоми бонкии кишвар, тавсеа бахшидани ҳамкорӣ дар самти низоми бонкӣ изҳори назар намуданд. Ҳамчунин Ҳонгҷу Ҳам аз таҷрибаи низоми бонкии Муғулистон, ки ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон монанд аст, сухан карда, Бонки миллии Тоҷикистонро барои ҳамкорӣ дар ин самт, аз ҷумла барои иштирок дар семинарҳо ҷиҳати мубодилаи афкор ва андӯхтани таҷрибаи Муғулистон даъвати расмӣ ба амал овард.
Боиси тазаккур аст, ки ҳадафи сафари намояндаи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP) Ҳонгҷу Ҳам аз муҳокимаи масъалаҳои кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар раванди ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ, татбиқи Рӯзнома барои то соли 2030 оид ба рушди устувор иборат мебошад.

Март 17, 2017 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад