Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири федералии обу энергетика ва мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Асиф

Март 17, 2017 11:10

ДУШАНБЕ, 17.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири федералии обу энергетика ва мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Асифро ба ҳузур пазируфтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таҳкиму тавсеаи робитаҳои гуногунсамти давлатҳо, ки имсол аз барпо шудани муносибатҳои дипломатӣ 25 сол пур мешавад, изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид доштанд, самараи он дар рушди ҳамкории кишварҳо дар соҳаҳои энергетика ва амниятӣ ба таври назаррас мушоҳида мегардад.

Ҷонибҳо ба натиҷаи ҳамкории муштараки сохторҳои қудратӣ, ниҳодҳои мудофиавию хадамоти амниятии Тоҷикистону Покистон дар самти мубориза алайҳи чолишҳои амниятии минтақа, бахусус терроризм ва ифротгароӣ, баҳои арзанда доданд.

Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои дорои аҳамияти минтақавӣ — энергетика, соҳаи нафту газ, истифодаи имкониятҳои нақлиётию транзитӣ баррасӣ гардида, фаъолгардонии Гурӯҳи муштараки корӣ оид ба масъалаҳои энергетика ва инфрасохтор ва фаъолияти самарабахши Зергуруҳи муштараки он оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ дар самти татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ, аз ҷумла амалигардонии барномаи КАСА-1000 барои ҳарду ҷониб манфиатбахш арзёбӣ карда шуд.

Пешниҳод гардид, ки барои зиёд кардани ҳаҷми мубодилаи мол миёни кишварҳо, бо дарназардошти зарфиятҳои бузурге дар ин самт, аз фаъолияти ҳадафманду босифати Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ истифода карда шавад.
Эмомали Рахмон и Ходжа Мухаммад Асиф 1

Март 17, 2017 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон