Наврӯз ҳикмати муҳими гиромӣ доштани ҳаётро дар сайёраи Замин таҷассум мекунад
ДУШАНБЕ, 21.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ягон анъанаи наврӯзӣ аз ибтидои пайдоиш то кунун арзиши ахлоқӣ, фалсафӣ ва башардӯстиашро гум накардааст, баръакс бо мурури замон ин арзишҳо бо назардошти воқеияти пуртаззоди зиндагии мардумон ва кишварҳои мухталифи дунё, мухолифатҳову муноқишаҳо, ҳикмати муҳими гиромӣ доштани ҳаётро дар сайёраи Замин таҷассум мекунанд,-ибрози андеша кард Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз.
Ҳамчунин ӯ зикр намуд, ки «Наврӯз сар то сар шукуфоӣ буда, таҷассумгари ояндаи нек аст. Таҷлили тамоми идҳо аз Наврӯз сарчашма гирифта, иди бо ҳам гирд оварданҳост ва завқи мардумро баланд бардошта, онҳоро ба зебоипарастӣ тарғиб менамояд. Дар табиат ҷашн гирифтани Наврӯз ба инсон лаззати равонӣ бахшида, инсонро ба дӯст доштан, эҳтиром гузоштан ба қонунҳои инкишофи табиат ва ҷомеа водор месозад ва ин рӯзи нав талқин кардани дӯстӣ, меҳрубонӣ, хайрхоҳӣ, покӣ, софдилӣ, меҳнатдӯстӣ ва зери шиори «зиндагиро аз нав дидан» мардумро ба ҳам овардан аст».
Олимону шоирони гузаштаи мо бо иншои рисолаҳои пурарзиши илмӣ ва ашъори оламгир асрори ҳикматҳои Наврӯзро барои ҳамзамонону ояндагони худ кашф ва расму суннатҳои онро васф карда, ба ин тартиб эҳтирому муҳаббати мардумро ба Наврӯз ва пос доштани анъанаҳои наврӯзӣ ҳамвора афзудаанд.
Аз қадим расм шудааст, ки адибон, ровиён, паҳлавонон ва ҳунармандону пазандаҳо ҳунари худро дар сайргоҳҳо ва озмунҳои наврӯзӣ намоиш медиҳанд, зеро пирӯзӣ дар ин айём ифтихори бузург маҳсуб меёбад. Ва муҳимтар аз ҳама мардум дар айёми Наврӯз кинаҳоро аз дилҳо берун месозад, то ҷойи онҳоро шафқату меҳрубонӣ бигирад, ба дармондагону нодорон дасти ёрӣ дароз мекунанд, то дар ғаму андӯҳ набошанд ва Наврӯзро ба хурсандӣ истиқбол намоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии кишвар тавассути талошҳои созанда ва эҳёгаронаи худ ба ин ҷашни бузурги аҷдодӣ симои ҷавону замонавӣ ва байналмилалӣ бахшида, ҳикмати онро ба ҷаҳониён ҳамчун иди ҷонбахши табиат, тозагию покизарӯзгорӣ ва некию накӯхоҳӣ муаррифӣ намуда, ҷомеаи ҷаҳониро мутақоид намуд, ки Наврӯз иди ваҳдати табиату инсон аст.
Имрӯз мо аз он ифтихорманд ва дилпур ҳастем, ки аз шарофати сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ дар давоми чанд соли охир ҳисси худшиносию ҳувияти миллӣ, ифтихори ватандорию ватанпарастӣ, пос доштани мероси таърихию арзишҳои фарҳангӣ ва дарки масъулияти шаҳрвандии халқи тоҷик хеле пеш рафта, ҳамаи ин дастовардҳо моро зина ба зина ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ пеш мебаранд.
Қабул гардидани Қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 23 феврали соли 2010 дар бораи эътирофи Наврӯз ҳамчун ҷашни фарҳангӣ дар арсаи байналмилалӣ шаҳомати ин иди бузургро боз ҳам болотар бурд. Яъне, Наврӯзи Аҷам Наврӯзи олам шуд ва дар сар то сари ҷаҳон ин иди ниёгони мо бо шукӯҳи хоса пешвоз гирифта мешавад.
Тавре Пешвои миллат таъкид кардаанд, «Наврӯз яке аз қадимтарин ва азизтарин ҷашнҳои миллии мардуми ориёнажод буда, бо мурури замон ба иди дар ҳақиқат халқӣ мубаддал шудааст.
Воқеан Наврӯз ва дигар оину суннатҳои миллии мо маҳз ба шарофати осори безаволи ниёгони бофарҳангамон ва зиёиёни баномуси имрӯзаамон зинда мондаву эҳё шудаанд. Ниёгони мо чаҳор унсури табиат — хоку бод ва обу оташро муқаддасу гиромӣ дошта, онҳоро манбаи ҳастии табиат ва инсон мешуморанд.
Имрӯз дар оғози ҳазорсолаи сеюм, ки буҳрони экологӣ шиддат гирифта, миллионҳо нафар сокинони олам аз он танқисӣ мекашанд, соли 2016 ташаббуси навбатии Тоҷикистон Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 аз тарафи Маҷмааи Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт.
Мо аз он сарфарозем, ки Наврӯзи имсола дар баробари дигар афзалиятҳояш ба Наврӯзи покизагии муҳити зист ва истифодаи оқилонаи обу замин табдил ёфта, суннати аҷдодии моро мазмуни тоза мебахшад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






