Наврӯзи ҷаҳонӣ- Наврӯзи ҷавонӣ
ДУШАНБЕ, 22.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор намоиши барномаи театрикунонидашудаи «Наврӯзи ҷаҳонӣ- Наврӯзи ҷавонӣ» доир гардид, ки дар он Раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, муовинони раиси вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд, қабл аз шуруъи барномаи фарҳангӣ раиси вилоят Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ мардуми вилоятро бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай табрик намуда, иброз дошт, ки Наврӯз иди пирӯзии нур бар зулмот ва тантанаи некӣ бар бадӣ аст, ки халқ онро пазируфта, дар тӯли қарнҳои тӯлонӣ аз насл ба насл гузошта, оини ибратомӯзи онро сарчашмаи бузурги ахлоқиву тарбиявӣ ва бунёдкориву созандагӣ донистааст.
«Анъана ва суннатҳои неки Наврӯзӣ дар давоми умри чандинҳазорсолаи худ аз имтиҳонҳои шадиди таърих гузаштаанд ва ҳамчунон пуршукӯҳ ва шоиставу некӣ то ба даврони мо омада расидаанд. Ин иди некиву покизагӣ аз рӯйи эътиқоди ниёгон ба дастурхони ҳар хонадон файзу баракат оварда, ризқу рӯзии пиру барноро меафзояд ва ба кишоварзон кушоиши кору ҳосили фаровон мебахшад», зикр намуд Раиси вилоят.
Сипас, намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид сухан намуда мардуми сарбаланди вилоятро ба хусус сокинони Фархори бостониро аз номи Президети Ҷумҳури Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ табрику муборак бод намуд.








Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






