Нигоҳе ба таърихи ҷашни Наврӯз

Март 18, 2017 11:51

ДУШАНБЕ, 18.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Чанде пеш аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз -2017 тасдиқ карда шуд ва  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати  таҷлили иди ниёгон – Наврӯзи оламафрӯз қарор қабул намуд.  Бо мақсади  дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани  Наврӯзи Аҷам дар тамоми корхонаю идора, макотиби таҳсилоти умумӣ ва олӣ корҳои омодагирӣ оғоз гардиданд. Марбут ба ин масъала лозим донистем ба ин ойини гузаштагон сайри таърихӣ анҷом диҳем.

Наврӯз яке аз бузургтарин ойинҳо ва ҷашнҳои  қадимаи мардуми  ориётабор мебошад. Худи вожаи «Наврӯз» –  калимаи мураккаби форсии –дарӣ,  калимаи тоҷикист, ки аз ду ҷузъ «нав» ва  «рӯз»  иборат аст. Дар ин ҳангом Офтоб ба бурҷи Ҳамал мерасад ва ин ба  рӯзи 31 моҳи фарвардини авестоӣ ва ҳамали аҷамӣ рост меояд. Манбаъҳо  шаҳодат медиҳанд,ки дар ҳамон давраҳо Наврӯзро 13 рӯз ҷашн мегирифтанд ва онро ба 2 ҳисса- Наврӯзи омма (Наврӯзи кӯчак ё Наврӯзи сағир) ва Наврӯзи хосса (Наврӯзи бузург, ки аз Ҳурдод- рӯзи шашуми Фарвардинмоҳ оғоз меёфт), тақсим мекарданд.

Мувофиқи ривоятҳои авастоӣ  Аҳуро Маздо  дар ин рӯз Оламу  Одам офарид ва аз ин сабаб  онро рӯзи нав ном ниҳоданд.

Дар «Шоҳнома»-и безаволи пайғамбари сухан Абулқосим Фирдавсӣ омадааст:

Ҷаҳон   анҷуман шуд бари тахти ӯй,

Фурӯ монд аз фарраи бахти ӯй.

Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,

Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.

Яъне мардум рӯзи ба тахти каёнӣ нишастани Ҷамшедро рӯзи нав хондаанд. Дар  «Китоб-ул-маҳосин ва-л-аҷдод» омадааст, ки:  «Нахуст касе,ки Наврӯзро ойин гузошт, подшоҳиро бунёд ва рамзи давлатдориро барқарор ва нуқраву тилло ва дигар маъданҳоро ба даст овард, аз оҳан силоҳ сохт, асп ва дигар маркабро ром кард, садафу мушку анбар ва дигар накҳатҳоро пайдо кард, қасру кӯшкҳо сохт, корез ва обёрӣ кард- Ҷамшеди каёнӣ буд. Наврӯзро асос гузошт бад-он сабаб, ки ӯ дар ин рӯз оламро ба даст даровард ва кишвари Эроншаҳрро, замини Бобулро барқарор кард. Наврӯз оғози барқароршавии ҳокимият буд. Дертар шакли мувофиқ гирифт, расму ойин шуд.»

Муаллифи  луғатномаи «Анҷуманоро» Алиакбар Деҳхудо дар мақолаи «Наврӯз» маълумоти ҷолиберо  овардааст. Мувофиқи навиштаҳои вай: «Бисту панҷ рӯз пеш аз Наврӯз дар саҳни дорулмулук дувоздаҳ сутун аз хишти хом барпо мешуд, ки бар сутуне гандум, бар сутуне ҷав, бар сутуне биринҷ, бар сутуне боқуло, бар сутуне коҷил, бар сутуне арзан, бар сутуне зурат (ҷуворӣ),бар сутуне лӯбиё, бар сутуне нахӯд, бар сутуне кунҷид, бар сутуне мош мекоштанд ва  онҳоро намечиданд. Дар рӯзи шашуми Наврӯз ин ҳабуботро меканданд ва майманатро дар маҷлис мепароканданд ва то рӯзи Меҳр аз моҳи Фарвардин онҳоро ҷамъ намекарданд… гумон мекарданд,ки ҳар кадоми онҳо,ки накӯтар ва боровартар шавад, маҳсули он дар он сол фаровон хоҳад буд … ».

Наврӯз дар ҳама давр бо шукӯҳу шаҳомат пешвоз гирифта мешуд. Барои  дар сатҳи олӣ гузаронидани он майдону тахтҳо месохтанд. Мисоли равшани он  бунёди тахти Ҷамшед аз ҷониби Дориюш аст, осори он то ҳол боқӣ монда, оламиёнро ба ҳайрат овардааст. Дар субҳи аввали он одамон ба якдигар об мепошиданд, туҳфаҳо медоданд ва туҳфаҳо мегирифтанд. Шириниҳо беҳтарин туҳфа  маҳсуб мешуданд. Дар ин шаб оташафрӯзӣ мекарданд ва суманак (сумалак) мепухтанд.  Ҳар яке аз ин амалҳо қоидаҳои худро доштанд ва аз тарафи мардум бо пуррагӣ ба ҷо оварда мешуданд. Хушбахтона, маросими суманак (сумалак)- пазӣ дар аксар маҳалҳо то ҳол риоя мегардад.

Дастархони идона меоростанд.  Ин дастархони наврӯзӣ номҳои ба худ хос, ба мисли «Ҳафтсин» ва  «Ҳафтшин» дошт.

«Ҳафтсин» хони наврӯзиест, ки асосан бо ҳафт намуд маҳсулоте, ки бо ҳарфи форсии «Син» (س) оғоз мегарданд, зебу зиннат ва оро дода мешавад: санҷид, себ, сабза,суманак, сир, сикка ва сирко. Ғайр аз ин маҳсулот инчунин дар болои дастурхони идона, ки аз матои  сафед иборат буд (рамзи бороварии Замин), боз зарфи об, оина, шамъу шамъдон, тухми мурғ ва дигар хӯрокҳои лазиз низ мегузоштанд. Ҳар яке аз ин маҳсулот дорои рамзи махсуси худ буданд. Масалан, санҷид бо бӯи хуш ва барги сафедаш ифодакунандаи дилдодагӣ ва ба ҳаракатдиҳандаи ишқ ва зода шудан (эҳё), себ нишони саломатӣ, сабза нишони табиати сабзпӯши баҳорӣ, суманак  ифодакунандаи  зиндагонии бардавом ва қудрату нерумандӣ, сирпиёз  доруи ҳайратангези тамоми дардҳо, сикка- нишонаи давлатмандӣ, сирко  рамзи ризову оромӣ (тасаллият) аст.

Ҳамзамон гузоштани моҳӣ ифодаи он буд, ки Офтоб аз бурҷи ҳут (моҳӣ), ки моҳи охирини соли гузашта аст, ба бурҷи ҳамал ворид мешуд. Бо ифодаи дигар соли кӯҳна ҷои худро ба соли нав медод.

Шаклҳои дигари дастурхони идонаи наврӯзӣ, ба мисли «Ҳафтшин» низ вуҷуд дошт, ки дар адабиёти классикии мо чунин ифода ёфтааст:

Рӯзи Наврӯз дар замони Каён,

Мениҳоданд мардуми Эрон,

Шаҳду ширу шаробу шакари ноб,

Шамъу шамшоду шойеъ андар хон.

Ба маврид аст қайд карда шавад, ки дар дастархони наврӯзӣ, шохаҳо гузошта мешаванд. Ин амал низ рамзӣ буда ба замонҳои хеле қадими аҷдоди  ориёнӣ мерасад. Гузоштани се шоха ин рамз —  ифодаи се пояи ахлоқии зардуштия «Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек», 7 шоха нишонаи 7 фариштаи муқаддаси Аҳуромаздо ва 21 шохаи дарахт – ин ишора ба  аз 21 китоб иборат будани «Авасто»-и оини зардуштист.Инчунин аз ҳафт намуд ғалладонагиҳо ноне  пухта шуда, зеби дастурхони наврӯзӣ мегардад, ки нишони баракат аст.

Мардуми ориёӣ дар тӯли қарнҳо бо тамоми роҳу воситаҳо  тавонистанд, ки ин мероси фарҳангии худ, аз ҷумла  анъанаи ҷашни Наврӯзро нигоҳ доранд. Онро аз манъкунию хурофот эълон намуданҳо дифоъ кунанд ва ин анъанаро то ба имрӯз расонанд. Айни ҳол Наврӯз ғайр аз кишвари мо боз дар бисёр мамолики олам, ба мисли Эрону Озарбойҷон, Ӯзбекистону Қирғизистон, Қазоқистону Туркманистон,  Афғонистону Албания, Туркияву Македония,  дар сатҳи маҳаллӣ  дар Тотористон, Бошқирдистон ва Доғистон ва Курдистони Ироқ ва Ҷумҳурии мардумии Чин  (ҷамъ беш аз 300 миллион нафар аҳолии курраи замин)  ҳамчун ид ҷашн гирифта мешавад.

Боиси ифтихор аст, ки кӯшишҳои пай дар пайи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самара доданд ва аз 30 сентябри соли 2009 инҷониб Наврӯз мавқеи байналмилалӣ гирифт ва ба рӯйхати  мероси фарҳангии ғайримоддии башарият (ЮНЕСКО) дохил карда шуд. Ин барқароршавии ҳақиқати таърихӣ аст. Зеро  Наврӯз ҷашни табиат ва эҷодкардаи кулли халқҳои олам аст. Ҳар халқи бузург ба он чизе афзуд ва ба  урфу одатҳои худ наздик намуд. Наврӯз аз ин бойтар ва зеботар гардид. Наврӯз ба инсоният одамгарӣ, мубориза бурдан бо қувваҳои бадӣ ва бадкорон, дар сулҳу салоҳ зистанро талқин менамояд. Умари Хайём дар «Наврӯзнома»  дарҷ кардааст, ки: «Ҳар кӣ рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодӣ ва хуррамӣ гузорад». Кӯшишҳои шабонарӯзии  фарзанди фарзонаи миллат  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз тамоми имкониятҳоро фароҳам  овардаанд, ки мардуми ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо ин ҷашни фархундаи ниёгонро бо шукӯҳу  шаҳомати  хосса ҷашн гиранд ва то Наврӯзи дигар дар амну амният бошанд.

 

Саиднуриддин  АКОБИРОВ,

аъзои фаъоли  ташкилоти ибтидоии ҳизбии

 «Дизайн»-и  Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ

ва дизайни Тоҷикистон

Март 18, 2017 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷавонон баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Имрӯз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард