Огаҳӣ доир ба хатари савдои одамон аз саҳнаи театр

Март 28, 2017 09:56

ДУШАНБЕ, 28.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Садҳо сокинони шаҳри Истаравшан огаҳии худро доир ба хатарҳои савдои одамон аз як намоишномаи театрӣ, ки 28 марти соли ҷорӣ аз ҷониби ҳунарманди шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев ва гурӯҳи ӯ таҳия шудааст, боло мебаранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз намояндагии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират /СБМ/дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Силсилаи намоишномаҳои театрӣ дар доираи Лоиҳаи USAID оид ба шаъну эътибор ва ҳуқуқ баргузор мегардад. Лоиҳаи мазкурро СБМ амалӣ менамояд.
Намоишнома мушкилоти мубрами марбут ба савдои одамонро инъикос намуда, тамошобинонро аз хатарҳо огоҳ мекунад ва доир ба роҳҳои ҳифзи худ ва оилаву дӯстон аз занҷираҳои макри ҷинояткорон маълумот медиҳад.
Қаҳрамонони намоишнома ҷавонону бонувон мебошанд, зеро онҳо доир ба шароити кору зиндагӣ ва қонунҳои кишварҳои хориҷӣ, ки барои кор мераванд, маълумоти кофӣ надоранд, ҳуқуқҳои худро намедонанд ва худро қонунан ҳимоя карда наметавонанд. Аз ин рӯ, онҳо осебпазир буда, дар баъзе мавридҳо ба доми ҳиллаву найранги ҷинояткорон меафтанд ва истисмор мегарданд.
Чунин намоишномаҳои театрӣ қаблан аз ҷониби намояндагии СБМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба намоиш гузошта шуда буданд.

Март 28, 2017 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд