Рушд ва такмили мудирияти донишгоҳҳо оид ба масоили байналмилалӣ
ДУШАНБЕ, 10.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии иқтисодии шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон конфронси ҷамъбастии Барномаи Иттиҳоди Аврупо аз рӯи лоиҳаи «Рушд ва такмили мудирияти донишгоҳ оид ба масоили байналмилалӣ» баргузор гардид. Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат низ шарики ин барнома мебошад.
Тавре ки аз Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат хабар доданд, дар кори конфронси ҷамъбастӣ намояндагони 15 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва вазоратҳои маориф ва илми Британияи Кабир, Испания, Италия, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Украина ва Қирғизистон иштирок доштанд.
Ректори Донишгоҳи давлатии иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон, профессор Адолат Муродов доир ба аҳамияти робитаҳои гуногунҷабҳаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар замони ҷаҳонишавӣ ва мавқеи баланди Донишгоҳи давлатии иқтисодии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар масоили робитаҳои байналмилалӣ, махсусан аз аҳамият ва фаъолияти сесолаи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо-Темпус «Рушд ва такмили мудирияти донишгоҳ оид ба масоили байналмилалӣ», ки ба он муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва вазоратҳои илм ва маорифи кишварҳои шарикони лоиҳа шомил мебошанд, изҳори қаноатмандӣ намуд.
Сардорони идораҳои робитаҳои хориҷии донишгоҳҳои шарики лоиҳа доир ба бурду бохт ва пешомади Барномаи Иттиҳоди Аврупо-Темпус аз рӯи лоиҳаи «Рушд ва такмили мудирияти донишгоҳ оид ба масоили байналмилалӣ» ва сатҳи татбиқи он дар муассисаҳои таълимии касбии хеш бо рӯнамо маърӯза намуданд.
Сармутахассиси шуъбаи илм ва робитаҳои хориҷии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Нормат Ҳайбатов пешниҳод кард, ки шарикони лоиҳа дар оянда низ барои вусъати робитаҳои минбаъда ассотсиатсияи идораи робитаҳои хориҷии муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро дар кишварҳои худ таъсис дода, рушди устувори лоиҳаро таъмин намоянд. Дар ин кор вазоратҳои маориф ва илми ҷумҳуриҳои шарикони лоиҳа бояд нақши калидӣ дошта бошанд.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






