Шаҳри Турсунзода бо мардуми ҳимматбаланду саховатпеша, фарзандони далеру шуҷоъ ва ангуру меваҳои шаҳдбораш шӯҳрат дорад

Март 21, 2017 12:17

ДУШАНБЕ, 21.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар шаҳри Турсунзода зимни суханронии худ таъкид доштанд, ки шаҳри Турсунзода, ки бо мардуми ҳимматбаланду саховатпеша, фарзандони далеру шуҷоъ ва ангуру меваҳои шаҳдбораш шӯҳрат дорад, аз номи Қаҳрамони Тоҷикистон, шоир ва шахсияти барҷаста Мирзо Турсунзода файзу баракати тоза пайдо кардааст.
Роҳбари давлат дар суханронии худ изҳор доштанд, ки таҷлили ҷашни бостонии Наврӯз дар шаҳри Турсунзода басо рамзӣ мебошад, зеро мардуми куҳанбунёди он дар пойдории асолат, пояҳои таърихиву фарҳангии Наврӯз ва ҳифзу идомаи накӯтарин анъанаҳои миллӣ саҳми басо арзишманд доранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки идомаи суннатҳои неки аҷдодӣ, аз ҷумла корҳои ободонӣ, бунёди боғҳо, покиза кардану ба тартиб овардани манзили зист, оростани кӯчаву хиёбонҳо ва намуди идона бахшидан ба шаҳру деҳот имконияти беҳтарини баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон, таблиғи заҳмати созанда ва тарзи зиндагии солим, одобу ахлоқи ҳамида, ҳисси миллӣ ва осоишу пешрафту ободии минбаъдаи кишвари азизамон мебошад.
«Ин шаҳри дӯстӣ, ки номи ин фарзанди фарзонаи тоҷиконро дорад, имрӯзҳо ба шарофати қадамҳои файзбори Наврӯз либоси идона ба бар карда, боз ҳам зебову ороста гаштааст ва мо дар рӯзҳои ҷашн ва ҳамеша хотираи неки ин устоди суханро, ки бо шеъри оламгири худ номи Ватанро вирди забонҳо гардонидааст, гиромӣ медорем»,-зикр намуданд Президенти кишвар.

Март 21, 2017 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд