Сокинони Кӯлоб бо гумони муомилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳо дастгир шуданд

Март 1, 2017 12:09

ДУШАНБЕ, 01.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони муомилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳо ду нафар марди 42 ва 47-солаи сокинони шаҳри мазкур дастгир карда шуданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, аз гумонбаршудагон ҳангоми ба фурӯш баровардани 42 адад сангҳои қиматбаҳо, аз ҷумла мувофиқи ташхиси иёргарӣ 34 адад санги зумрад, вазнаш 8,66 грамм, 7 адад лаъли асил, вазнаш 16,25 грамм ва як адад ёқути сурх, вазнаш 4,35 грамм бо вазни умумии 30,19 грамм дарёфт гардиданд.
«Муайян карда шуд, ки гумонбаршудагон сангҳои қиматбаҳоро аз марди 52-солаи сокини ноҳияи Муъминобод бо мақсади ба фурӯш баровардан гирифтаанд. Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад»,- иттилоъ доданд аз Вазорати корҳои дохилӣ.

Март 1, 2017 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
Мотосиклронҳои шаҳри Душанбе ғолиби пойгаи мотосиклронӣ барои Ҷоми Раиси вилояти Хатлон шуданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд