Табрикоти Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Олмон ба муносибати 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ

Март 2, 2017 09:19

ДУШАНБЕ, 02.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Олмон  аз номи Раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Олмон дар шаҳри Берлин Александр Ҳайзер номаи табрикӣ омадааст. Дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад: «Иҷозат фармоед шуморо бо ин санаи таърихӣ- 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон муборакбод намоям. 25 сол пеш Ҷумҳурии федеративии Олмон яке аз аввалин кишварҳои Ғарб буд, ки истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намуда, сафоратхонаи худро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар навбати худ аввалин сафоратхонаи худро дар Аврупо маҳз дар Олмон кушод.

Инак аз истиқрори муносибатҳои дипломатӣ 25 сол мегузарад, ки онро метавон ҳамчун давраи мустаҳкам гардидани дӯстии самимӣ байни кишварҳоямон баён кард. Корҳои зиёди дар ин давра анҷомшуда ҳусни таваҷҷуҳи воқеии ҳукумат ва мардуми Олмонро нисбат ба давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ифода мекунанд.

Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Олмон, ки аъзои онро собиқ ҳамватанон ва дӯстони Тоҷикистону миллати тоҷик ташкил мекунанд, дар якҷоягӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон бо баргузор намудани барномаҳои фарҳангӣ, тарғиботӣ ва башарӣ дар муаррифии таъриху фарҳанги волои миллати куҳанбунёди тоҷик, инчунин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз саҳми худро мегузорад.

Мо боварӣ дорем, ки дӯстии ҳарду кишвар дар оянда боз ҳам ташаккул ёфта, муносибатҳои дуҷониба ба таври устувор ба манфиати мардумонамон мустаҳкамтар гардидаву мӯҳтавои амиқтареро касб хоҳанд кард».

 

Март 2, 2017 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид