Табрикоти Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Олмон ба муносибати 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ
ДУШАНБЕ, 02.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Олмон аз номи Раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Олмон дар шаҳри Берлин Александр Ҳайзер номаи табрикӣ омадааст. Дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад: «Иҷозат фармоед шуморо бо ин санаи таърихӣ- 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон муборакбод намоям. 25 сол пеш Ҷумҳурии федеративии Олмон яке аз аввалин кишварҳои Ғарб буд, ки истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намуда, сафоратхонаи худро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар навбати худ аввалин сафоратхонаи худро дар Аврупо маҳз дар Олмон кушод.
Инак аз истиқрори муносибатҳои дипломатӣ 25 сол мегузарад, ки онро метавон ҳамчун давраи мустаҳкам гардидани дӯстии самимӣ байни кишварҳоямон баён кард. Корҳои зиёди дар ин давра анҷомшуда ҳусни таваҷҷуҳи воқеии ҳукумат ва мардуми Олмонро нисбат ба давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ифода мекунанд.
Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Олмон, ки аъзои онро собиқ ҳамватанон ва дӯстони Тоҷикистону миллати тоҷик ташкил мекунанд, дар якҷоягӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон бо баргузор намудани барномаҳои фарҳангӣ, тарғиботӣ ва башарӣ дар муаррифии таъриху фарҳанги волои миллати куҳанбунёди тоҷик, инчунин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз саҳми худро мегузорад.
Мо боварӣ дорем, ки дӯстии ҳарду кишвар дар оянда боз ҳам ташаккул ёфта, муносибатҳои дуҷониба ба таври устувор ба манфиати мардумонамон мустаҳкамтар гардидаву мӯҳтавои амиқтареро касб хоҳанд кард».








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






