Тарзи ҳаёти солим-омили муҳими рушди маориф

Март 10, 2017 12:06

ДУШАНБЕ, 10.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли ҷавонон эълон шудани  соли 2017  дар филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар вилояти Суғд дар мавзӯи «Тарзи ҳаёти солим — омили муҳими рушди маориф» ҷамъомад баргузор шуд.

Директори филиали донишкада Муҳаммадҷон Исматдинов роҷеъ ба аҳамият ва моҳияти баргузории ҳамоиш, тарғибу ташвиқи ҳаматарафаи тарзи ҳаёти солим байни ҷомеа, махсусан ҷавонону наврасон ҳарф зад. Зикр гардид, ки дар ҳифзи саломатӣ тарзи зисту зиндагии инсон нақши муҳим мебозад. Ташаккули тарзи ҳаёти солим ва муносибати масъулиятнок нисбат ба саломатӣ аз сатҳи маърифату маданияти аҳолӣ вобастагии зиёд дорад. Муносибати нодурусти инсон нисбат ба ҳаёту саломатӣ, пешаи тарзи ҳаёти носолим инсонро саодатманд намесозад. Аз ин рӯ, тарбия ва ташаккули тарзи ҳаёти солим ҳамчун муносибати маҷмӯӣ дар раванди тарбия ба ҳайси омили муҳими баланд бардоштани сатҳ ва сифати таҳсилот дар низоми маорифи кишвар нақши назаррас дорад.

Дар ҷамъомад дар мавзӯъҳои «Масъулияти шахс ва ҷомеа дар тарғибу ташаккули тарзи ҳаёти солим», «Тарзи ҳаёти солим ва омилҳои он», «Мафҳуми «тарзи ҳаёти солим» ва «Тарзи ҳаёти носолим», «Сиёсати давлатии ҷавонон ва масоили ташаккули тарзи ҳаёти солим», «Фарди солим – поягузори ҷомеаи солим», «Таъсиргузории тарзи ҳаёти солим дар ташаккули ҷисмонӣ ва рӯҳию равонии ҷомеа, ҷавонону наврасон» ва ғайра маърӯзаҳо шунида шуданд.  Зимни  музокирот ва суханрониҳо доир ба масоили мавриди назар слайдҳо ва видеороликҳо, аз қабили таъсири бади майнӯшӣ ва майзадагӣ ба саломатии инсон, нашъамандӣ ва оқибатҳои фалокатбори он, таъсири дуди тамоку, пешгирии фарбеҳшавӣ ба ҳозирин намоиш дода шуданд.

 

 

Март 10, 2017 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад