Тоҷикобод: озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ба ҷашни Наврӯз бахшида мешавад

Март 2, 2017 15:05

ТОҶИКОБОД, 02.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод дар меҳмонхонаи марказии ноҳия  байни ҷамоатҳои деҳот озмуни «Кадбонуи беҳтарин»-ро баргузор намуд. Дар ин бора масъулини ноҳия ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Тоир Устоев ҳадаф аз  баргузории  озмуни мазкурро ба  тарғибу ташвиқи фарҳангу арзишҳои миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, эҳтиром ба хӯрокҳои миллӣ  ва муаррифии навъҳои гуногуни хӯрокҳои миллии бо маҳорати зиёд омода намудаи кадбонуҳои ноҳияи Тоҷикобод рабт дод.

Ғолибони озмун бо туҳфаҳо ва ифтихорномаҳои раиси ноҳия сарфароз гардонида шуданд.

Март 2, 2017 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад