Ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Ифтихорномаи Вазири корҳои хориҷии Япония супорида шуд

Март 30, 2017 17:14

ДУШАНБЕ, 30.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ҳузури роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Сафорати Япония дар Тоҷикистон, варзишгарону устодон, намояндагони ВАО-и мамлакат маросими супоридани Ифтихорномаи Вазири корҳои хориҷии Япония ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон баргузор гардид. Зикр карда шуд, ки Ифтихорномаи фахрӣ ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон барои хизматҳои шоён дар рушди ин намуди варзиш, оммавӣ гардидани он дар миёни наврасону ҷавонон сазовор дониста шудааст.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Тоҷикистон Ҳаҷимэ Китаока, ки Ифтихорномаро ба дабири кулли Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Ширинҷон Маҳмадсафоев тақдим кард, дар суҳбат ба хабарнигори «Ховар» чунин изҳор намуд: «Ман ҳамагӣ 9 моҳ боз дар Тоҷикистон қарор дорам ва аз оммавӣ будани намуди варзиши дзюдо дар байни ҷавонону наврасони Тоҷикистон ҳамеша ба ваҷд меоям».
Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қаҳрамони олимпӣ, варзишгари сатҳи ҷаҳонӣ Дилшод Назаров дар маросими супоридани Ифтихорномаи фахрӣ зикр кард: «Варзиш дар ҳама давру замон дар миёни миллату халқҳои гуногун мақоми хоссаро ишғол мекард. Маҳз дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи варзиш такони ҷиддӣ дода шуд ва мо варзишгарон имкон пайдо кардем, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок карда, бо гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ Ватану миллати худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем».
Ширинҷон Маҳмадсафоев, дабири кулли Федератсияи дзюдои Тоҷикистон зикр кард, ки «Ифтихорномаи фахрии вазири корҳои хориҷии Япония нишонаи эътироф шудани нуфузи варзишгарони тоҷик дар сатҳи байналхалқӣ буда, он ҳамчунин аз муҳаббати тоҷикон ба варзиш шаҳодат медиҳад». Ифтихорномаи фахрӣ на танҳо ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, ҳамчунин ба ҳамаи паҳлавонони Тоҷикистон тааллуқ дорад, — таъкид кард Ш. Маҳмадсафоев.
Хотиррасон мекунем, ки Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ҳанӯз соли 1972 таъсис ёфта, ҳоло узви фаъоли Федератсияи байналмилалии дзюдо мебошад. Варзишгарони дзюдои мамлакат дар мусобиқаҳои сатҳи баланд ширкат варзида, ба гирифтани нишонҳои олимпӣ мушарраф гардидаанд. Дар Тоҷикистон ҳоло зиёда аз 5 ҳазор ҷавонону наврасон ба ин намуди варзиш машғул мебошанд.
Пеш аз ин, соли 2015 Ифтихорномаи Вазири корҳои хориҷии Ҷопон ба Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода барои тавсеаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон тақдим шуда буд.

 

Март 30, 2017 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Машғулият оид ба таҳлили бозиҳо барои мураббиёни лигаҳои наврасони Тоҷикистон оид ба футбол идома дорад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба 100-гонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид гардид
Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба футзал мусовӣ анҷом ёфт
«ФУТБОЛ БА НАЗДИ ШУМО МЕОЯД». Дастаи кӯдакони ноҳияи Лахш соҳиби ҷойи аввал гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар доираи машқҳои таълимӣ ду бозии санҷишӣ доир кард
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Аморати Муттаҳидаи Арабро мағлуб намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона дастаи Арабистони Саудиро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал пеш аз Ҷоми Осиё-2026 се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад
Таҷрибаи академияҳои маъруфи ҷиу-ҷитсуи ИМА барои рушди варзиш дар Тоҷикистон омӯхта мешавад
Дар Душанбе қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба Ҷоми Осиё-2026 омодагӣ мегирад