Беш аз 31 ҳазор сокинони ВМКБ дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд
ДУШАНБЕ, 12.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар якҷоягӣ бо Маркази машваратии омодагии пеш аз сафари муҳоҷирати меҳнатии ВМКБ бо сокинони Ҷамоати деҳоти ба номи Замирови ноҳияи Ишкошим ба масъалаи расмикунонии будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар ин бора аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тавре дар вохӯрӣ зикр гардид, дар се соли охир беш аз 30 нафар сокинони ин ҷамоат, ки аксарашон ҷавонон мебошанд, аз ҷониби мақомоти интизомии Россия аз қаламрави он берун (депортасия) карда шуданд ва давоми 4-5 соли оянда ҳуқуқи ворид шудан ба ин кишварро надоштанд.
Бо саъю талоши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мушкилот аз байн бардошта шуд. Бояд зикр намуд, ки дар мулоқоти Пешвои миллат бо Президенти Федратсияи Россия Владимир Путин, ки моҳи феврал дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, яке аз масъалаҳои калидӣ маҳз ин масъала буд ва акнун он ба таври мусбӣ ҳалли худро меёбад.
Ҳамчунин қайд гардид, ки бо ҳидояти Президенти мамлакат ҳамасола дар шаҳру деҳоти кӯҳистон иншооти гуногуни саноатӣ, хизматрасонӣ ва иҷтимоӣ бунёд мегарданд ва дар заминаи онҳо ҷойҳои нави корӣ ташкил карда мешаванд. Соли гузашта, мувофиқи маълумоти расмӣ, дар қаламрави вилоят беш аз даҳ ҳазор ҷои кори доимӣ ва мавсимӣтаъсис дода шуданд.
Дар баробари ин нуфузи аҳолӣ сол ба сол зиёд гардида, дар таъминот бо ҷои кор масъалаҳои ҳалталаб ба миён меоянд ва теъдоди муайяни сокинони вилоят барои дарёфти кор рў ба муҳоҷират меоранд. Айни замон беш аз 31 ҳазор сокинони вилоят дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ки зиёда аз 95 фоизи онҳо дар қаламрави Россия кор мекунанд.








Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд






