Дар ғарби ВМКБ ниҳол мешинонанд, дар шарқи он ҳанӯз барф мерӯбанд
ХОРУҒ, 13.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Агарчӣ дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавсими ниҳолшинонӣ шурӯъ шудааст, аммо дар қисми шарқии вилоят ҳанӯз ҳам барф аз замин канда нашудааст. Муҳандиси Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои ноҳияи Шуғнон Нурбек Булбулов дар робита ба ин гуфт: «Бар асари тундбоди шадид ва барфрезӣ ҳаракати нақлиёт дар километри 78-уми шоҳроҳи Хоруғ- Мурғоб- Қулма бо мушкил рӯ ба рӯ аст. Душвортарин қитъаи роҳи мошингард- ин ағбаи Кӯҳтезак мебошад, ки дарозии он 11 километр буда, резиши барф дар ин ағба баъзе солҳо то охири моҳи май идома меёбад. Ду рӯз пеш ағба аз барф тоза карда шуд, аммо субҳи имрӯз боди шадид вазида, барфи атрофро боз бар сари роҳи мошингард рехт ва ҳаракати нақлиётро муваққатан қатъ кард. Ҳоло роҳсозон бо истифода аз техникаву механизмҳои роҳсозӣ ба пок кардани барф оғоз карданд ва пас аз се- чор соат ин қитъаи роҳро ба рӯи мошинҳо аз сари нав боз хоҳанд кард».
Роҳсозон мегӯянд, ки бо ду техника пок кардани яке аз роҳҳои душвортарини ҷумҳурӣ, ки дарозии он наздик ба 200 километр аст, хеле душвор мебошад. Аз ин рӯ хоҳиш намуданд, ки то зимистони оянда дар таъмини ин муассиса бо техникаи иловагӣ тадбир андешида шавад.
Зимистони имсол дар ин қитъаи роҳ бештар аз 300 тармаи хурду бузург фаромад ва роҳсозон бо мақсади кушода нигоҳ доштани ин роҳи байналмилалӣ шабонарӯз заҳмат кашиданд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






