Дар Душанбе ҳамкории мутақобила миёни Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 26.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои мухталифи ҳамкории судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ, аз ҷумла омодагӣ барои гузаронидани шарҳи Ҳадафҳои рушди устувор, доир намудани ҷаласаи муштараки Кумитаи роҳбарикунандаи ЮНДАФ, ташкил намудани семинарҳои муштарак роҷеъ ба Ҳадафҳои рушди устувор ва гузаронидани мониторинги «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз масъалаҳое буданд, ки зимни мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид, Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Пратибҳа Меҳта мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.
Тавре Нуралӣ Шоқурбонов, сардори Маркази матбуоти вазорати мазкур ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ҷараёни вохӯрӣ Неъматулло Ҳикматуллозода аз ҳамкории самарабахши соҳа миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти бонуфузи СММ, аз ҷумла, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид изҳори қаноатмандӣ карда, ҷиҳати минбаъд густариш додани ҳамкории дуҷониба омодагии худро баён дошт.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






