Дар Файзобод хотираи неки муаллифи сурудҳои «Гулбарги рӯи ман» ва «Шаршараи мӯи ту»-ро ёд карданд
ФАЙЗОБОД, 20.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар қасри фарҳанги ноҳияи Файзобод ба хотираи неки Ҳофизи халқии Тоҷикистон Дӯстмурод Алиев маҳфили ёдбуд доир гардид. Дар он ҳунармандон, ёру дӯстон ва мухлисони шодравон аз гӯшаю канори ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шуъбаи фарҳанги ноҳияи Файзобод иттилоъ доданд.
Дар маҳфили мазкур Дӯстмуродхонҳои ноҳияи Файзобод ва ҷумҳурӣ зиёда аз 20 суруди ин ҳунарманди зиндаёдро сароиданд.
Ҳамчунин шогирдони Мактаби мусиқии ноҳия ба номи Дӯстмурод Алиев бо ҳунарнамоии хеш хотири меҳмононро болида гардониданд.
Ёдовар мешавем, ки шодравон Дӯстмурод Алиев муаллифи як силсила сурудҳои марғубу дилнишин, аз ҷумла «Гулбарги рӯи ман», «Шаршараи мӯи ту», «Оғози ишқ», «Чаро шабҳо нишинам», «Чашми тоҷик», «Моҳи Файзобод» ва чандин сурудҳои дигар буд, ки то кунун аз ёди ҳаводорони таронаҳояш нарафтаанд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






