Дар мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ муносибати оштинопазир бояд дошт!

Апрель 11, 2017 14:54

ДУШАНБЕ, 11.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Давлату Ҳукумати кишвар нисбат ба беҳтар намудани шароити хизмати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ таваҷҷуҳи хоса дошта, тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Ин нуктаро Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода зимни вохӯрӣ бо ҳайати шахсии Ротаи таъйиноти махсуси милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, Рамазон Раҳимзода афсарону хизматчиёни ин воҳиди таъйиноти махсуси мақомоти корҳои дохилиро ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан, муносибати ҷиддӣ нисбат ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳидоят намуда, гуфт, ки дар мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, алалхусус ҷиноятҳои дорои хусусияти террористиву экстремистӣ муносибати оштинопазир дошта бошанд.
Кормандони Ротаи таъйиноти махсуси милитсия ҷавобан ба дастгириву ғамхориҳои Сарвари давлат ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ изҳор доштанд, ки мекӯшанд баҳри таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза ба ҳама гуна зуҳуроти номатлуб дар сафи пеш қарор дошта бошанд.

Апрель 11, 2017 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид