Дар назди обҳои шифобахши Ҷелондеҳи ноҳияи Шуғнон гармхонаҳо бунёд мешаванд

Апрель 19, 2017 17:02

ХОРУҒ, 19.04.2017/. (АМИТ«Ховар»/. Оби шифобахши деҳаи Ҷелондеҳ бо хусусиятҳои шифобахшии худ берун аз кишвар низ маъруф аст. Ҳамасола ба ин чашмаҳои шифобахш садҳо нафар аз беморон, ки ба касалии миён, дарди дасту по, меъда ва рӯда мубталоянд, барои табобат меоянд. Дар замони истиқлолият дар ин макон ошхонаву меҳмонхонаҳо ва ҳавзҳои замонавӣ бунёд гардида, барои онҳое, ки мақсади дамгирӣ  доранд, хатҳои сайр таҳия шудаанд ва як гурӯҳи роҳбаладон дар хизмати онҳо мебошанд.

Аммо ҳоло ин чашмаҳои шифобахш на танҳо ба дарди ниёзмандон даво мебахшанд, балки онҳоро бо сабзавоти тару тоза низ таъмин мекунанд. Бо иқдоми олимони Пажӯҳишгоҳи биологии Помири назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз оби гарми чашмаҳо гармхонаҳо сохта шуданд, ки аз онҳо соле ду маротиба ҳосили бодирингу помидор, гашничу пиёз ва дигар намуди сабзавоту сабзаҷот ба даст меоранд.

Ба гуфтаи  директори Пажӯҳишгоҳи мазкур Довутшо Наврӯзшоев, олимони ин муассиса исбот намуданд, ки бо истифода аз оби гарми зеризаминӣ парвариш намудани намудҳои мухталифи дарахтони мевадиҳанда имконпазир аст. Сифати меваи ин дарахтон ба корҳои иловагии селексионӣ ниёз надорад. Тадқиқот дар ин самт идома дорад. Бештари намуди дарахтон аввал дар Боғи ботаникии Помир мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор мегиранд ва пас аз он ба хоҷагиҳо дастрас карда мешаванд.

Боғи набототи Помир яке аз боғҳои калонтарини Осиёи Марказӣ ва баландтарин боғи ботаникии ҷаҳон (баъди Боғи ботаникии Непал) ба шумор рафта, ҳудуди мамнӯъгоҳи он 600 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин боғ 4 ҳазор намуд ва зернамуди растаниҳо аз кишварҳои Аврупо, Осиё ва Амрикову Россия парвариш меёбанд.

 

Апрель 19, 2017 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд