Дар ноҳияи Рашт дар натиҷаи омадани сел чанд хонаи истиқоматӣ ва иншооти ёрирасон хароб гардиданд

Апрель 24, 2017 17:02

ДУШАНБЕ, 24.04.2017 /АМИТ «Ховар/. Рӯзҳои истироҳат дар деҳаи Шилбилии ҷамоати деҳоти Сурхоби ноҳияи Рашт сел омад. Дар натиҷа 6 хонаи истиқоматӣ пурра вайрон шуда, 6 иншооти ёрирасон зарар диданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Инчунин 7 сар чорвои калони шохдор ва 48 сар чорвои майда талаф шудааст. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Ба зарардидагон ёрии ҳаматарафа расонида шуда, онҳо ба ҷойи бехавф кучонида шуданд.
Барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ корҳо идома доранд ва ҳаҷми зарари расида аз тарафи комиссияи ҳолатҳои фавқулода муайян карда мешавад. Дар ҷойи ҳодиса кормандони кумита ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо техникаи бартарафсозии оқибатҳои офат фаъолият доранд. Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия шабонарӯз фаъол ва бо мардум дар иртиботанд.

Апрель 24, 2017 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо