Дар Соли ҷавонон дар ноҳияи Носири Хусрав панҷ нафар унвони «Номзад ба Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро соҳиб гаштанд
ДУШАНБЕ, 24.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон ва бахши ҷавонони ноҳияи Носири Хусрав бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон дар деҳаи Сангобаи ноҳия мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намуди футбол, гӯштини миллӣ, волейбол, баскетбол, шоҳмот, ҳамчунин дигар намудҳои варзишро доир намуданд.
Тавре ки аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ғолибони мусобиқа бо медалу ҷомҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Фариза Абдуллоева 5 нафар ҷоизадорони мусобиқаҳои ҷумҳуриявии ноҳияро бо шаҳодатномаи «Номзад ба Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ намуд.