Динамочиён ғолиби мусобиқаи гӯштини партерӣ гардиданд

Апрель 24, 2017 16:14

ДУШАНБЕ, 24.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишии гӯштини партерӣ (тарзи греплинг) миёни наврасони аз 7 то 14-сола баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, дар мусобиқа 5 дастаи мактабҳои варзишии шаҳри Душанбе бо теъдоди 52 нафар варзишгари наврас ширкат варзида, қувваю маҳорати худро дар ин соҳаи варзишӣ санҷиданд. Дар мусобиқаи мазкур дастпарварони навраси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» низ фаъолона иштирок намуда, аз 12 вазн дар 8 вазни он ҷойҳои аввалро ишғол намуда, бо медалу ифтихорномаҳо мукофотонида шуданд.
Мусобиқаи варзишии гӯштини партерӣ бо мақсади интихоби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҳама гуна кирдорҳои номатлуб, дарёфти чеҳраҳои варзишӣ миёни насли наврас ва таҳкими дӯстию рафоқат миёни онҳо, инчунин тарғиби ин намуди варзиш миёни наврасону ҷавонон роҳандозӣ гардидааст.

Апрель 24, 2017 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид