Хонандагони тоҷик дар Малайзия соҳиби Шоҳҷоиза гаштанд

Апрель 25, 2017 11:54

ДУШАНБЕ, 25.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои роҳбарияти Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Пинанги давлати Малайзия Олимпиадаи байналмилалии лоиҳавӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ баргузор гардид. Дар он 19 нафар хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо пешниҳоди 9 лоиҳа иштирок намуданд.
Тавре ки аз Вазорати маориф ва илми кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи хонандагони тоҷик сазовори Шоҳҷоиза, 2 медали тилло, 14 медали нуқра ва 6 медали биринҷӣ гардиданд.
Хонандагон-иштирокчиёни олимпиадаро шоми 22 апрел дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо шукӯҳу шаҳомати хос пешвоз гирифтанд.

Апрель 25, 2017 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад