Конститутсия-истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон аст

Апрель 4, 2017 17:28

ДУШАНБЕ, 04.04. 2017/АМИТ «Ховар»/. «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти миллӣ дорад, зеро бо иродаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардида, дар он суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва андешаҳои инсондӯстонаи тоҷикон инъикос гардидааст»,- гуфт Бахтовар Сафаров, вакили Маҷлиси намояндагон дар семинар, ки имрӯз дар дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: Салоҳият ва вазифаҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Парлумон доир гардид.
Таъкид шуд, ки дар Конститутсия таъмини соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон вазифаи асосии давлат эълон шудааст. Дар айни замон бо мақсади ҳимояи арзишҳои конститутсионӣ ва ташаккули пояҳои давлатдории миллии тоҷикон тағйирнопазирии шакли идораи кишвар, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат аз ҳадафҳои бунёдии Конститутсия эътироф гардидааст.
Бо зикри муҳимияти ин санади сарнавиштсоз гуфта шуд, ки аҳаммияти таърихии Конститутсия дар таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвар беназир буда, он омили асосии кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардид. Бо назардошти он ки пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа натиҷаи сулҳу оромӣ ва ваҳдату ягонагист, дар Конститутсия дарҷ гардид, ки Тоҷикистон ҳамеша сиёсати сулҳҷӯёнаро дар амал татбиқ менамояд.
Вакили Маҷлиси намояндагон ҳамчунин афзуд, ки мо дар сатҳи Конститутсия ба ҷомеаи ҷаҳон эълон доштем, ки халқи Тоҷикистон озодӣ ва ҳуқуқи шахсро арзиши олӣ шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф мекунад ва ҷонибдори бунёди ҷомеаи адолатпарвар аст.

Апрель 4, 2017 17:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти такмили низоми идоракунии молияи давлатӣ густариш меёбад
Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад