Мавсими футбол дар лигаи якуми Чемпионати Тоҷикистон 14 апрел оғоз меёбад

Апрель 10, 2017 17:50

ДУШАНБЕ, 10.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Мавсими футбол дар лигаи якуми Чемпионати Тоҷикистон 14 апрел оғоз меёбад ва дар он 12 даста барои медалҳои мусобиқа дар ду марҳала мубориза мебаранд.
Тавре муовини директори Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов хабар дод, бозиҳои даври якум 14-16-уми апрел гузаронида мешаванд. 14 апрел дастаҳои «Кӯктош» бо «Зарбдор» ва «Равшан» бо «Маҳаллаи 83», 15 апрел «Зарафшон» бо «Эсхата», «Ваҳдат» бо «Сомон» ва «Парвоз» бо «Ҳулбук» қувва месанҷанд. Бозиҳои даври якум 16 апрел бо бозии байни дастаҳои «Локомотив-Помир» бо «Саройкамар» ҷамъбаст мешаванд.
Лигаи якуми Тоҷикистон. Даври 1.
14 апрел (ҷумъа)
Оғоз соати 16:00
«Кӯктош» «Зарбдор»
«Равшан» «Маҳаллаи 83»
15 апрел (шанбе)
Оғоз соати 16:00
«Зарафшон» «Эсхата»
«Ваҳдат» «Сомон»
«Парвоз» «Ҳулбук»
16 апрел (якшанбе)
Оғоз соати 16:00
«Локомотив-Помир» «Саройкамар»

Апрель 10, 2017 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд