Муҳокимаи «Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва «Бехатарии борҷома» бо истеҳсолкунандагони маҳсулоти ватанӣ

Апрель 11, 2017 17:49

ДУШАНБЕ, 11.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо мазмуну мундариҷаи регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва «Бехатарии борҷома» машварат доир карда шуд. Дар ин бора аз Агентии мазкур хабар доданд.
Машварат бо иштироки нозирони давлатии риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ дар маҷмааи агросаноатӣ, соҳибкорону истеҳсолкунандагони оби ошомиданӣ ва нўшокиҳои ғайриспиртӣ ва устодони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар машварат ҳамчунин оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 сухан рафт. Иштирокдорон иброз намуданд, ки даҳсолаи нав дастовардҳои даҳсолаи қаблиро таҳким бахшида, ҷиҳати мутамарказ гардидани саъю талоши Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли минбаъдаи масъалаҳои об дар давраҳои баъдӣ заминаи хуб фароҳам меорад.

Апрель 11, 2017 17:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд