Мулоқоти сафири Украина бо чернобилчиёни шаҳри Хуҷанд

Апрель 4, 2017 17:35

ХУҶАНД. 04.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Никитюк дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки иҷрокунандаи раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо бартарафкунандагони садамаи Неругоҳи барқи атомии Чернобил мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи ташкилии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иттилоъ доданд, дар мулоқот  зикр шуд, ки дар бартарафсозии ин садама аз вилояти Суғд беш аз 1000 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла 120 нафар сокинони шаҳри Хуҷанд иштирок намудаанд. Ҳоло дар вилояти Суғд ба бартарафкунандагони садамаи Неругоҳи барқи атомии Чернобил эътибори махсус зоҳир гардида, онҳо ҳамеша зери таваҷҷуҳу ғамхорӣ қарор доранд. Соли гузашта дар рӯзҳои таҷлили 30-солагии бартарафкунии садамаи ин неругоҳ дар боғи фарҳангию фароғатии «Ғалаба»-и маркази вилоят  ба хотири гиромидошти номи неки бартарафкунандагони садамаи неругоҳ лавҳаи ёдгорӣ гузошта шудааст.

Тибқи нақшаи сафари корӣ ба вилояти Суғд Сафири Украина ҳамчунин аз Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», Маҷмааи таърихӣ – фарҳангии «Истиқлол», Боғи миллии «Ваҳдат», шаҳраки Сайҳун ва Қасри Арбоб  дидан мекунад.

Апрель 4, 2017 17:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид