«Нақши ҷавонон дар рушди илми тиб»-бардошт аз Конфронси 12-уми илмӣ-амалии олимони ҷавон

Апрель 28, 2017 17:41

ДУШАНБЕ, 28.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ инбни Сино Конфронси 12-уми  солонаи  илмӣ-амалии олимони ҷавон ва донишҷӯён дар мавзӯи «Нақши ҷавонон  дар рушди  илми тиб» баргузор гардид.

Дар конфронс Маҳмадшоҳ Гулзода, ректори Донишгоҳ, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодону  донишҷӯён иштирок намуданд.

Г. Маҳмадшоҳ  иброз намуд, ки Конфронси мазкур ба Соли ҷавонон  бахшида шуда, бо мақсади тарғибу ташвиқи дастовардҳои олимони тибби Тоҷикистон  доир мегардад. Дар конфронс донишҷӯён аз донишгоҳу донишкадаҳои Қарағанда, Алмаато ва Екатеринбурги Федератсияи Россия ширкат намуданд.

Иштирокчиёни конфронс ба 14 бахш тақсим шуда, дар мавзӯҳои  ҷарроҳии дилу рагҳо, бемориҳои дарунӣ, бемориҳои пӯст ва сироятӣ, инчунин бемориҳои кӯдакона  маърӯза карданд.

Апрель 28, 2017 17:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд